Боздошти хушдоман дар Ҷайҳун бо гумони ба худкуши расонидани келин
Дар ноҳияи Ҷайҳун нисбати хушдоман барои ба худкушӣ расонидани арӯси хонаводааш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Дар ин бора ВКД- и Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр хабар додааст.
ВКД-и алайҳи як зани 48-сола аз ноҳияи Ҷайҳун бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар ин бора ВКД-и Тоҷикистон 27 -уми декабр хабар додааст.
ВКД-и Тоҷикистон дар иттилоияе гуфтааст, ки ин хушдоман нисбати келини 23-солааш аз ноҳияи Ҷайҳун аз соли 2019 ба баъд “муомилаи бераҳмона” мекардааст. Ба гуфтаи манбаъ, зани 48-сола “пайваста келинашро мавриди латтукӯб қарор дода, шаъну шарафи ӯро паст мезадааст”.
Ба қавли ВКД, ҷабрдида ба “муносибати бераҳмонаи хушдоманаш тоқат накарда”, 8-уми сентябри соли ҷорӣ “бо мақсади халосӣ ёфтан” аз ин ҳолат, сирко истеъмол карда, ҷон бохтааст.
Нисбати ӯ бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” (қисми 1 моддаи 109 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ