Марги Синёр помидор аз дасти онҳое, ки илм доранду амал не!

Ҳашароти хавфнок ба Тоҷикистон ҳуҷум кард. Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ чаро хомӯшанд?

Нархи помидор дар бозорҳои Тоҷикистон  якбора 5 маротиба гарон шуд.  Ҳоло пасттарин нархи помидор дар бозорҳоиДушанбе  чун дар зимистон 10 сомонӣ аст. “Мо барои барои зимистон консерва карда наметавонем”, — мегӯянд шаҳриён. Айби кист? Дар афсонаи машҳури Ҷанни Родарии итолиёвӣ “Саргузашти Чиполлино” Синёр Помидор  бою бадавлат аст ва нисбати дигар сабзавот ҷабру ситамро раво мебинад.  Инак, ин Синёри ҷаббор дар Тоҷикистон на аз дасти Чиполлино, балки аз ҷониби масъулони соҳаи кишоварзӣ ба қатл расид.

Дар бозор чӣ мегӯянд?

Ҳама гумон доштанд, ки  гаронии нархи помидор  муваққатӣ  аст  ва  дар тирамоҳ боз рӯ ба пастшавӣ хоҳад овард.  Аммо ин хаёл  хом будааст. Ҳафтаи ҷорӣ нархи 1 кг помидор аз 10 сомонӣ ҳам убур кард.  Он ҳам навъи помидори бесифат ва чор тарафаш   кирмхӯрда… Масъулини бозорҳо низ ба  паст фаровардани нархи помидор оҷиз монданд. Чӣ кор ҳам карда метавонанд, вақте ки худи маҳсулот нест?  Вақте фурӯшандаҳо мегӯянд, ки помидорро имсол кирм хӯрдаасту  камчин. Ҳоло помидор то ба бозор расидан, аз дасти чанд нафар  мегузарад. Дар дӯконҳои фурӯши помидор, ки онро дар бозор аҳён-аҳён дида метавонед, мардум барои он талош мекунанд. Фурӯшандаҳо ҳам дар ин ҷо масали «бардорад зам кун, набардорад кам кун»-ро истифода мебаранд.

-1 кг помидор 12 сомонӣ. Хоҳед ҳамин, нахоҳед не! — бо тааддӣ ба харидор  рӯ оварда мегӯянд фурӯшандагон .  Қисмате аз мардум ҳанӯз  интизоранд, ки помидор арзон мешавад ва барои зимистон захира мекунанд. Зеро соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз нархи помидор аз 2 сомонӣ боло  набуд. Аммо… 

Аз пайи кирми сархӯр

Хабарнигори «Тоҷикистон» баъди ин мушоҳидаҳо  тасмим гирифт, ки  дар заминҳои кишти помидори чанд хоҷагӣ, аз ҷумла Шаҳринаву Ҳисор, Турсунзода  дидан намуда, дар заминаи суҳбат бо мутахассисону деҳқонон сабаби камчинии помидорро тадқиқ намояд. Сабабҳои  гарон шудани  нархи помидор, ба даст наовардани ҳосили дилхоҳ, бетаваҷҷуҳии сохторҳои дахлдор, ба монанди Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, институтҳои вобастаи ин ниҳодҳо аз омадани ҳашаротҳои зараррасон ва огоҳ накардани мардум ба хоҷагиҳои деҳқонӣ посух пайдо кард. Вақте ки аз заминҳои кишти помидори ноҳияи Шаҳринав дидан кардем, ниҳолҳо пурра хушк шуда будаанд. Мисли он ки дар ин замин сӯхтори ногаҳоние  ба амал омадаасту  сӯхторхомӯшкунандаҳо дар хоби ғафлатанд.  Марди деҳқоне дар сари замин бо ҳазор андеша  сари хам  менишаст.  Суол  кардам, ки чаро чунин  аст?

-Вабои аср омад, бачам, вабо! -посухи кӯтоҳ дод ва роҳашро идома дода аз наздам  дур шуд.

 Баъди ин аз пайи пайдо намудани олимони шудем, ки асрори ин вабои асрро медонанд. Натиҷаи  суҳбат бо мутахассисони соҳа маълум кард, ки  дар мавсими сабзавотпарварии соли 2016 аз аввали моҳи июл дар киштзори помидор  якбора паҳн шудани миттаи помидор мушоҳида шудааст. Дар натиҷа хушкшавии растаниҳо ва талаф ёфтани ҳосил ба амал омад.  Абдумусобир Бобоев, дотсенти кафедраи истифодабарии замин ва агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара  якҷоя бо мутахассисони соҳа баъди гузаронидани тадқиқот дар чанд минтақаҳои Тоҷикистон марази навро дар помидор «тута абсолюта» ё миттаи помидор муайян кардаанд  ва онро объекти карантинӣ медонанд.  Ӯ дар ҳамдастӣ бо Тошалӣ Муқимов,  раиси ҶДММ «Тиҷорат Агрохимия»  ин ҳашароти зараррасонро  дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии ба номи Абдураҳими ноҳияи Фархор, дар ноҳияи Данғара, ҷамоати Савобахш аввали моҳи август муайян карданд. Мувофиқи маълумоти ин мутахассисон ва деҳқонон чунин ҳолат дар аксарияти  ноҳияҳои ҷумҳурӣ, қисман вилояти Суғд, минтақаҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб  мушоҳида карда шудааст. Зарари миттаи помидор ба киштзори помидор дар заминҳои кушод ва ҳатто  дар гармхонаҳо дида шудааст.

Тошалӣ Муқимов ҳангоми суҳбат ба хабарнигори «Тоҷикистон» тута абсолютаро ҳашароти хавфноки фавқулодаи  оилаи ангури сагак, хусусан помидор номид. «Ватани ин зараррасон –Америкаи Ҷанубӣ аст. Ин ҳашароти хавфноки тез паҳншаванда ғайр аз помидор ба зироатҳои картошка, баклаҷон, карам, қаламфур, лӯбиёгиҳо зарари калон мерасонад», — иброз дошт ӯ.

Кишти кирмхӯрдаи помидор дар яке аз хоҷагиҳои н. Шаҳринав

Тута абсолюта чист?

Мувофиқи маълумоте, ки аз интернет пайдо кардем, тута абсолюта   ба Аврупо  аз Америка омадааст.  Масалан,  дар Перу соли 1917 ва Испания соли 2006 мушоҳида шудааст.  Баъдан дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо ин намуди ҳашарот паҳн шудааст. Олимони соҳаи кишварзӣ  дар Русия, Беларус, Украина тута абсолютаро солҳои 2010-2011 муайян карданд. Ҳоло бошад,  он  тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифта истодааст. Пайдоиши ин ҳашарот дар кишварҳои ҷаҳон солҳост, ки сабаби камҳосил шудани растании помидор гаштааст. Соли 2011 дар Беларус  бар асари зарари митта ба помидор  250 миллион доллар зиён ба иқтисоди ин кишвар расид.

Абдумусобир Бобоев,  аз рӯйи натиҷаи тадқиқоти гузаронидааш дар хочагиҳои деҳқонӣ мегӯяд, ки ҳашарот ба ҳамаи узвҳои помидор: нуқтаи сабзиш, поя, гул ва мева зарар мерасонад. Ба нақли ӯ: «Одатан кирминааш дар даруни паҳнаки барг ғизо мегирад. Яъне, мезофили (мағзи) бофтаро мехӯрад ва сатҳи баргро бетартибона сӯрох карда, зироати помидорро пурра нобуд месозад. Миттаи помидор дар мавсим ба заҳрхимикатҳо тобовар шуда метавонад. Чунки кирмина мағзи баргро мехӯрад ва дар натиҷа пӯсти барг аз ду тараф зард шуда, қоқ мешавад ва кирмина дар дохили барг ҷо мегирад, ки нобуд кардани он душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, заҳрҳо ба ҷойи хушкидаи барг таъсир намекунанд ва кадом заҳре, ки истифода бурда нашавад, ба ҳашарот осеб намерасад. Дар рӯи барги помидор пайдо ва  кирминаи он ба зоча мубаддал мегардад. Кирмина қобилияти зарар расониданро ба меваи помидор дорад. Меваро сӯрох карда, дохили  онро нобуд  месозад.”

Аз рӯйи нақли мутахассиси дигари соҳа  Т. Муқимов,  дар шароити муътадил миттаи помидор дар як мавсим 6-7 насл медиҳад. Як модинаи он дар пушти барг аз 250 то 300 тухм мегузорад,  ки  тухмаш майда, шакли силиндрӣ дорад ва рангаш сафедтобу қаймоқӣ  аст, дарозии тухмаш то 0,35 мм мешавад. Кирминаҳо ҳамагӣ 10-15 рӯз умр мебинанд. Дар як ниҳоли помидори осебдида аз 5 то 20 адад кирмина дида мешавад ва дар як барг аз 1 то 2 кирм мушоҳида карда шудааст. Кирминаҳо дар 1-6 рӯзагӣ ранги зарди сабзина, сафедтоб ва баъдан сабзи тира мегиранд, ки дарозиашон то 5-9 мм мешавад. Зочааш ҷигарранги равшан буда, дарозиаш то 6 мм мебошад. Шабпаракаш хокистари ҷигарранг, дарозии қаноташ 6 мм аст. Тута абсолюта  зимистонро дар давраи тухм, кирмина, зоча ва ҳашароти болиғ гузаронида метавонад. Дар шароити ноҳияи Данғара 5-уми августи соли 2016 саршавии мубаддал гаштани кирмина ба зоча ва 20-уми август ба таври оммавӣ парвоз кардани шабпараки он мушоҳида карда шудааст.

 Мутахассисон чӣ маслиҳат медиҳанд?

Мубориза бар зидди миттаи помидор бо сабаби дар дохили барг пинҳон шудани кирмина мушкилтар аст. Пеш аз ҳама мутахассисон истифодаи чорабиниҳои пешгирикунанда ва назоратиро тавсия  медиҳанд. «Пеш аз шудгор ба заминҳо хокаи сулфур бо меъёри 30-40 кг/га дохил кардан лозим аст. Чунки ин препарат ҳамчун фунгисид ва акарисид таъсири репелленти ҳам дорад. Инчунин, онро ҳамчун ғизо барои растаниҳо истифода бурдан мумкин аст. Албатта, чароғаки шабпаракқапакро истифода бурдан  мумкин аст.  Баъди пайдо шудани кирминаи миттаи помидор бошад, дар помидор пас аз ҳар 15 рӯз бо препаратҳои «Тайшин» 100 г/га, «Конфидор» 0,5 г/га, «Арриво» 1-1,5 л/га, «Аваунт» 0,5 л/га, «Каратэ» 1,2 л/га, «Алт Альф» 0,5 л/га, «Матч» 0,5 л/га, «Проклэйм» 0,3-0,4 л/га, «Энжио» 0,3-0,5 л/га, «Кораген 20» 125-175 г/га коркарди киштзорро гузаронидан беҳтар аст», — мегӯянд, мутахассисон.  Ба андешаи онҳо агар чунин кор ба анҷом расонида нашавад, солҳои минбаъда натанҳо ба ҳосили помидор, балки  ба ҳосили картошка, қаламфур ва лӯбиёдонагиҳо  умед бастан  амри маҳол аст. 

Академияе,  ки  як кирмро кушта  натавонад, ба кӣ лозим?

Дар ҳамин маврид Бахтиёр Расулов, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи истифодабарии замин ва агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара  мегӯяд, ки  аслан, то моҳи  июни соли ҷорӣ помидор қимат набуд ва рӯ ба арзоншавӣ оварда буд. Аммо охири ин моҳ ҷаҳиши якбораи нарх мушоҳида гардид. Сабаби асосӣ дар он аст, ки ин намуди маҳсулот дар бозор камчин шуд. «Аз рӯйи таҳлилҳое, ки мо якҷоя бо мутахассисон гузаронидем,  сабабҳои асосии он  паҳн шудани ҳамин  миттаи помидор аст. Дар қитъаҳои минтақаи вилояти Хатлон, ки тадқиқот гузаронидем, баргҳои  помидор аллакай хушк шуда, ғӯрраҳояш  ба нестӣ расида буданд. Бояд аз тарафи Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мутахассисони соҳа ҷустуҷӯ ва тадқиқот сурат мегирифт. Аммо инро ҳама диданду хомӯш монданд. Шояд омилҳои дигар, аз ҷумла гармии ҳаво таъсири худро ба помидор расонида бошад, вале он чӣ мо пайдо кардем, яъне бармаҳал хушк шудани ниҳолҳои помидор бо таъсири миттаи помидор аст», — андеша дорад Б.Расулов. Яъне, “нӯшдоруи пас аз марг” дигар помидорро наҷот дода натавонист.  Ба назари ин ҳамсуҳбат хеле пештар   бояд чорабиниҳои пешгиришаванда истифода мегардид. «Чандин маротиба гуфта будам, дар ҷумҳурӣ  системаи ягонаи мубориза бар зидди ҳашаротҳои зарраррасон вуҷуд надорад. Мо пештар Институти ҳимояи растаниҳо доштем, як чанд сол фаъолият кард ва баъдан баста шуд. Ҳол он ки барои табобати чорво дорухонаҳо, мутахассион ҳастанд, барои табобати одам дар тамоми ҷой беморхонаҳо кушода шудааст. Растанӣ ҳам организми зинда аст, онро ҳар гуна ҳашарот нобуд мекунад, аммо “табиби”-и худро надорад», — гуфт номбурда.

Воқеан, дар Тоҷикистон як системаи ягонаи мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон вуҷуд надорад. Сол ба сол дар Тоҷикистон ба растаниҳо ҳар гуна бемориҳо ва ҳашарот афзуда истодааст, ки яке аз сабабҳои он суст будани назорат дар вақти воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар  кишварҳо аст. Зеро бо ин маҳсулот якҷо тухми ҳашароти зараррасоне, ки қаблан дар Тоҷикистон набуд, ворид мегардад.   Албатта,  бе ҳузури олимони соҳа дар ин ҷода ҳеҷ коре анҷом додан ғайриимокон аст.   Нақши Академияи илмҳои кишоварзӣ ва вазорати кишоварзӣ ҳам дар ин аст, ки фаъолияти сохторҳоро бояд назорат кунанд ва  ҳама аз ҳолати хоҷагиҳои кишоварзӣ огоҳ бошанд.Аммо “ҳуҷуми” тутта абсолюта  ба марзи масъулияти онҳо нишон дод, ки дар муқобили ин  ҳуҷум ҳамагӣ оҷизанд ва  инро ғалабаи ҳашарот аз  болои онҳо собит намуд. Дар назди Акедемияи илмҳои кишоварзӣ чандин марказҳои илмӣ: институти боғдорӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, ветеринарӣ мавҷуд аст. Вале, мутассифона, ин сохторҳо дар зери қаноти Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳо  ба ном ҳастанду корашон назарррас нест.  Агар масъулини ин ниҳодҳо  аз корашон қаноатманданд, чаро дар оғози мавсими  имсола ва ҳатто дар мавсими гузашта, ки ин беморӣ аз омадани худ дарак дода буд, дар ҳамдастӣ бо деҳқонон чорае надиданд? Ин бемасъулиятӣ сабаби талаф ёфтани ҳосили деҳқон ва дар  маҷмӯъ сабабгори зарари зиёд дидани иқтисодиёти кишвар шуд.  Қурбоналӣ Партоев, яке аз олимони сермаҳсулу фаъол дар соҳаи картошкапарварӣ, борҳо аз кори Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки ин  ҷо илм дар амал  нест, изҳори норозигӣ карда буд. Ҳатто  дар доираҳои гуногун пешниҳодҳо дар бораи барҳам додани Академияи илмҳои кишоварзӣ ва боз чанд ба  ном “академияҳо”-и сохташуда сурат   андешаҳо пайдо шуда буданд. Шояд ин фикрҳо  дуруст ва саривақтӣ бошанд ва пуле, ки аз ҳисоби буҷети кишвар ба ин “академияҳо”  ва олимони беамали он дода мешавад, ба ҷойи дигаре, ки ба манфиати давлат ва мардум   бошад, сарф кардан беҳтар аст?

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *