Марги судяи Суди конститутсионӣ дар Душанбе бар асари афтодан аз ошёнаи 9
Ҷамшед Ҷамшедзода, судяи Суди конститутсионӣ, бар асари афтодан аз ошёнаи 9-уми як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ҷон бохтааст.
Ба иттилои “Радиои Озодӣ”, ҳодиса имрӯз, 13-уми январ, дар маҳаллаи Гулистон, наздик ба Сирки давлатӣ, рух додааст. Ҳанӯз дақиқ маълум нест, ки ӯ тасодуфан афтодааст ё худро ба поён партофтааст.
Мақомот то ҳол дар бораи сабаб ва ҷузъиёти ҳодиса изҳороти расмӣ нашр накардаанд.
Ҷамшед Ҷамшедзода моҳи июли соли 2019 бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми судяи Суди конститутсионӣ интихоб шуда буд. Ӯ 52-сола буда, зодаи деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа мебошад. Марҳум соҳиби ҳамсар ва се фарзанд буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ