«Напалеони Афғонистон». Зиндагиномаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Аҳмадшоҳи Масъуд яке аз шахсиятҳои бузург ва беназири поёни қарни ХХ ба шумор меравад, ки на танҳо дар ватани худ – Афғонистон, балки дар саросари ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Маҳз ба ҳамин далел то имрӯз беш аз 30 китоб ва ҳазорон мақола аз ҷониби муаллифони гуногунмиллат дар бораи ӯ ба табъ расидааст.

Китоби «Напалеони Афғонистон. Барге аз зиндагии Аҳмадшоҳи Масъуд» (Afghan Napoleon: The Life of Ahmad Shah Massoud), ки ба қалами рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи бритониёӣ Санди Галл (1927–2025) тааллуқ дорад, яке аз беҳтарин ва муътамадтарин асарҳо дар бораи Шери Панҷшер маҳсуб мешавад. Ин китоб соли 2021 ба забони англисӣ нашр гардида, баъдан ба чандин забони дигар тарҷума шудааст. Аз ҷумла, он аз ҷониби Самия Муруватӣ ба забони форсӣ тарҷума шуда, соли 1404 ҳиҷрии шамсӣ (2023) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расидааст.

Санди Галл рӯзноманигорест, ки дар солҳои пурошӯбу ҳассос, замоне ки Аҳмадшоҳи Масъуд бар зидди нерӯҳои Шӯравӣ мубориза мебурд, бори нахуст ба Афғонистон сафар намуда, бо ин фармондеҳи ҷавон аз наздик ошно мешавад. Аз ҳамон давра сарнавишти Афғонистон ва зиндагии Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи ӯ қарор дошта, заминаи таълифи чандин китобаш гардидааст.

Китоби «Напалеони Афғонистон» роҳи зиндагии Аҳмадшоҳи Масъудро аз давраи таваллуд то лаҳзаҳои охирини умраш фаро мегирад. Дар он хонанда шоҳиди талошу муборизаҳои пайгиронаи ӯ барои озодӣ, истиқлол ва ободии ватани худ мегардад. Муаллиф Масъудро ба ин далел «Наполеон» меномад, ки ӯ бо истифода аз стратегияи нодир ва ҳушмандонаи ҷангӣ ҳаракати муқовимати миллиро бар зидди бегонагон густариш дода, бо вуҷуди фишорҳо ва ҳамлаҳои пайдарпай ҳаргиз мағлуб нашудааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки пораҳоеро аз китоби Санди Галл «Напалеони Афғонистон» ба табъ расонад. Нашри ин асар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ мебошад, зеро Аҳмадшоҳи Масъуд пеш аз ҳама фарзанди миллати тоҷик буда, дар таҳкими истиқлол ва суботи Тоҷикистон низ саҳми арзанда гузоштааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ ба нақши муҳим ва таърихии Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббонӣ дар раванди сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими истиқлоли кишвар таъкид намудаанд.

Соли 2021, ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, барои мусоидат ва миёнҷигарӣ дар баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993–1996 ва саҳми бузург дар истиқрори сулҳ дар кишвар, Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I қадрдонӣ шуданд.

Агар шумо ба зиндагӣ ва фаъолияти Аҳмадшоҳи Масъуд таваҷҷуҳ доред, ҳар ҳафта ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро ҷӯед, мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *