Мастчоҳ: Муассисаҳои тиббӣ соҳиби ду нақлиёти ёрии таъҷилӣ шуданд

Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мастчоҳ соҳиби боз ду адад мошини ёрии таъҷилии нав шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ, ин кумакҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ магардад, дастраси муассисаҳои КАТС-и ноҳия шудаанд.

Гуфта мешавад, ки нақлиёти ёрии таъҷилӣ сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.

— Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни қабули мошинҳо дар назди Маркази саломатии ноҳия аз дастгириву кумакҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тиби ноҳия ёдовар шуда, ба роҳбарияти КАТС барои боз ҳам беҳтар намудани хитматрасонии аввалияи тиббӣ дар деҳоти дурдаст ва саривақт расонидани ёрии аввалия ба беморон дастуру маслиҳатҳои муфид дод,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.