Масъулин сабаби хушкидани дарахтони “Магнолия”-ро дар Хуҷанд шарҳ доданд
Соли равон дар кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд 268 дарахти гаронарзиши «Магнолия» шинонида шуданд. Аммо масъулони соҳаи кабудизоркунӣ мегӯянд, ки қисме аз ин дарахтон бинобар мутобиқ набудан ба иқлими маҳаллӣ хушк шудаанд.
Саидҷон Маъруфов, роҳбари Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳри Хуҷанд, зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр изҳор дошт, ки наздики 30 дарсад аз дарахтони шинонидашуда нобуд шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дарахтони мазкур аз ҷониби соҳибкорон аз Италия ворид гардида, мутобиқати кофӣ бо иқлими Хуҷандро надоштанд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотӣ бо иштироки муовини аввали раиси шаҳр Ҷамшед Набизода баргузор гардид, зеро раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар сафари корӣ қарор дошт.
Масъулон таъкид карданд, ки дар ояндаи наздик ба ҷои дарахтони хушкшуда дарахтони нав шинонида хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ