«44 чашма» ба “Бинокорон” кӯчид?

Дар ин рӯзҳои гарми тобистон кас мехоҳад дар лаби чашмасорони сарду салқин нишинаду истироҳат кунад. Чунин  имкониятро ҳоло сокинони кӯчаи “Бинокорон”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доранд. Агар бовар накунед, ба ин кӯчае, ки пур аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аст, як сари қадам биёед.

Мебинед, ки “44 чашма”-и Шаҳртуз гӯё ба ин ҷо кӯчидааст. Аз оғози кӯча то охири он чашмаҳои шаффофе аз зери асфалт ба берун ҷӯшида мебароянд ва кӯдакон оби сардро ба сару рӯи худ мепошанду ба тавре, худро салқин мекунанд. Ин чашмаҳо “доди Худост” ва ё чизи дигар? Ба савол сокинон чунин ҷавоб мегӯянд.

Малика Саидшоева: “Ин чашмаҳо ба ивази беоб мондани хонаҳои мост. Ба ошёнаҳои болои хонаи мо қариб як моҳ мешавад, ки об намебарояд”.

Исмоил Раҷабов: “Ман намедонам, ки кормандони “Водоканал” ба куҷо нигоҳ мекунанд. Охир, шумо дида истодаед, ки аз сари ин кӯча то охираш аз чандин ҷой об мебарояду қубурҳое, ки ҳамин сол хобонда буданд, кафидааст. Магар инро ҳалолкорӣ гуфтан мумкин аст?”.

Аз мавҷудияти ин “44 чашма” аз ҳама бештар сокиноне, ки дар поёноби он истиқомат доранд, зарар дида истодаанд. Аз ҷумаки хати оби худ сокинони кӯчаҳои Акбар Махсумов ва Назаршоев бо замазамаи суруди “Чакра чакидан гирад…”давоми чанд соат сатили худро пур мекунанд.

Сокини ин маҳалла Орифи Маҳмуд мегӯяд: “Намедонам дар ин ҷо чӣ сирре ҳаст, ки давоми ду соли охир бори сеюм хати оберо, ки аз “Бинокорон” ба мо меояд, таъмир мекунанду мекананд, вале кормандон нав болои қубурҳоро мепӯшонанд, ки аз сари нав чашмаҳо пайдо мешаванд ва ин раванд ба назар беохир менамояд”.

Асрори чашмаҳои “Бинокорон”-ро то ҳол касе пайдо накардааст ва азбаски сокинон ба хушк шудани ин чашмаҳои бесоҳиб бовар надоранд, ба соҳиби мағозаи хӯрокворие, ки дар ин макон ҷойгир аст, маслиҳат доданд, ки номи мағозаашро минбаъд иваз карда, “44 чашма” монад. Ин тавсияро ӯ қабул мекунад ё не, маълум нест, вале мо ба роҳбарияти “Водоканал” тавсия медиҳем, ки як сари қадам ба ин минтақаи серчашма ташриф оранду худ баҳо диҳанд…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *