Матео Ковачич аз “Реал” ба “Челси” гузашт

Нимҳимоятгари дастаи “Реал” Матео Ковачич ба бошгоҳи “Челси” гузариш кард.

Нимҳимоятгари дастаи “Реал” Матео Ковачич ба бошгоҳи “Челси” гузариш кард.

Дар ин бора “Реал” дар сомонааш расман итиллоъ додааст. Футболбози 25 солаи хорватӣ бо “ашрофзодаҳо” муддати панҷ сол қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Дар манбаъ маблағи гузариши Матео Ковачич ба дастаи наваш хабар дода нашудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Ковачич мавсими гузаштаро ба ҳайси иҷора маҳз дар ҳайати “ашрофзодаҳо” сипарӣ намуда буд.

Матео дар ҳайати “Челси” 32 бозӣ доир намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *