Медали нуқраи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз қаҳрамонии Осиё-2018

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Ин бозӣ шоми якшанбе, 7-уми октябр, дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалилишаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Нишикава дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 63-юм, бо зарбаи сахт аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардид, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *