Сардухтури Таваллудхонаи №1 овоза ва ҳақиқати ба гарав гирифтани модару кӯдакро шарҳ дод

Хабари ба гарав гирифтани модару кӯдаки навзод дар  Пажӯҳишгоҳи акушерӣ — генекологии Тоҷикистон, маъруф ба Таваллудхонаи №1-шаҳри Душанбе ба хотири пардохт накардани шодиёна ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдро ба миён овард. Ибтидо ин хабар дар портали “Пайк” нашр шуда, баъдан дар дигар расонаҳои кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Бобоева Раҷаббӣ, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Истиқлол-1 шикоят кардааст, ки табибони Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе  келинаш Бадриддинова Миҷгонаро якҷо бо тифли навзодаш ба гарав гирифтаанд. Гуфта мешуд, ки дар як ҳафтаи бистарӣ будани келин хонадони Бобоева Раҷаббӣ мувофиқи талаби табибон маблағи 1000 сомонии пасандози хонаводаро пурра бурда, ба табибони гуногун супурдаанду то ҳанӯз гӯё хароҷот тамом нашудааст ва табибон барои ҷойи хоб, хӯрок, шодиёнапулӣ боз пул талаб доранд.

Гулҷаҳон Давлатзода, директори Пажӯҳишгоҳи акушерӣ- генекологии Тоҷикистон дар суҳбат бо Pressa.tj тафсилоти хабарро чунин шарҳ дод: 

-Ин тамоман дурӯғ аст. Ин зан нисбати табибони мо туҳматро раво дидааст. Аз тамоми мақомоти дахлдори кишвар, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ намояндагон омаданд,  санҷиш гузарониданд. Тасдиқи худро наёфт. Ҳатто баробари пахши хабар дар расонаҳои кишвар, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода ба пажӯҳишгоҳ омаданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Раҷаббӣ Бобоева, хушдомани модари таваллудкардаро бозпурсӣ карданд. Ӯ гуфтаҳояшро рад карда ва гуфт, ки журналисте, ки ин хабарро паҳн кард, ( портали “Пайк”) бо ӯ хеши наздик мебошад.

-Оё модару кӯдаки навзод аз таваллудхона ҷавоб шудаанд?

-Не. Кӯдак норасид таваллуд шудааст. Ҳамагӣ 1 килою 300 грамм вазн дорад. 9 рӯз  дар шуъбаи эҳгарӣ, дар ҳолати вазнин нигоҳдорӣ мешуд.  Худоро шукр, ки дирӯз кӯдакро аз кислород баровардем, ба шуъбаи дигар гузаронидем. Табобат ва нигоҳубинро давом медиҳем.

-Аҷиб, пас, чаро ин қазия дар шакли дигар расонаӣ шуд?

-Ин зан ба журналист Аҳмади Иброҳим, ки хеши наздикаш мебошад, занг зада,  пул гирифтанӣ шудааст. Ӯ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқрор шуд, ки ба табибон шикоят надорад ва онҳо келину набераашро нағз нигоҳубин доранд.

-Талаби 1000 сомонӣ барои чист  ва кист?

-Ҳеҷ кас. Ин туҳмат нисбат ба табибони мост. Раҷаббӣ Бобоева ҳамагӣ 200 сомонӣ харҷ кардааст. Ин 200 сомонӣ  ҳам барои хариди памперс ва ягон дору мебошад.

— Раҷаббӣ Бобоева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ки келину наберааш барои пардохт накардани маблағ ба гарав гирифта шудаанд…

 -Мантиқро бубинед, чӣ гуна гаравгон мегирем, вақте ки кӯдак дар даруни шиша хоб аст.  

-Воқеан ҳам, дар муассисаи шумо таваллуди кӯдак пулакист?

-Не, ройгон аст. Мо мутахассисони хуб дорем, ки бештари навзодони норасидро табобат ва дар шишаҳои махсус нигоҳдорӣ карда, сиҳату саломат ба  дасти волидайнашон месупоранд. Масалан, тифле, ки ҳамагӣ 900 грамм таваллуд шуда буд, баъди нигуҳибун ба 2 кг расонда, ба дасти падару модараш супоридем. Ин гуна ҳолатҳо зиёданд. Чоргоникҳо ҳам дар пажӯҳишгоҳи  мо таваллуд шуда, имрӯз саломат ба воя мерасанд. Мо умед дорем, ки ин тифлро ҳам  саломат ба дасти волидайнаш месупорем, зеро ҳолаташ рӯ ба беҳбудист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *