Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Журналистон дар маъракаи ваксинакунӣ “шоҳид” мешаванд

Аз ваксинаи воридшудаи «Astra Zeneca»-и бритониёӣ  ба  Тоҷикистон беш аз як ҳафта гузашт, аммо то ҳол гузаронидани ваксина ба аҳолӣ оғоз нашудааст.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  мегӯянд, ки тамоми корҳои омодагӣ барои гузаронидани ваксина анҷом ёфта, танҳо розигии Ҳукумати кишварро интизоранд.

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки яке аз роҳҳои пешгирии бемории коронавирус эмкунӣ ё гузаронидани ваксина мебошад. Ба гуфтаи номбурда, айни замон 192 ҳазор воя ваксинаи   «Astra Zeneca», ки ба Тоҷикистон ворид шуд,  дар яхдонҳои махсус нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳоло дар 7 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон марказҳои махсуси нигоҳдории ваксина ташкил кардем. Инчунин, дар ҳар як беморхонаи кишвар нуқтаҳои алоҳида бо яхдони нигоҳдории маводи доруворӣ  дорем.  8  мошини махсус  барои интиқоли ваксинаҳо ба  шаҳру ноҳияҳо дастрас карда мешавад. Рӯзҳои наздик гузаронидани ваксина оғоз мешавад, ки дар мадди аввал табибонанд”,-гуфт Ализода.

Ализода гуфт, ки муҳлати нигоҳддории  ваксинаи “Астразенека” то 6 моҳ пешбинӣ шудааст.  Самариддин Ализода таъкид намуд, ки айни замон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ситоди назди вазир оид ба пешгирии бемории коронавирус доимӣ амал мекунад. “Дар як рӯз ду маротиба-соати 7-и субҳ ва 5-и бегоҳ ҷаласа гузаронида мешавад. Масъулини  тандурустии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба таври фосилавӣ ширкат мекунанд. Субҳ масъулин супориш мегиранд ва бегоҳ аз натиҷаи кор ҳисобот медиҳанд”,-гуфт Ализода.

Самаридддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Тоҷикистон иброз дошт, ки дар маъракаи гузаронидани ваксина намояндагони ВАО-ро даъват мекунанд, то шоҳиди ҳол шаванд.

Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механазми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Гуфта мешавад, ки боқимондаи ваксинаҳо ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.