Медведев хирсро кушту худаш ба кома афтод

Боксёри рус Иля Медведевро духтурон пас аз ҳамлаи хирси ваҳшӣ ба комаи сунъӣ андохтанд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости хабар додааст. Оид ба  ҳолати варзишгари 23-сола мураббиаш Дмитрий Косенко хабар дод. Вай қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳаёти Медведев чизе таҳдид намекунад. Боксчӣ дар муҳориба  бо хирс ҷароҳати вазнин бардошт. Ба гуфтаи мураббӣ, ӯро барқарорсозии тӯлонӣ интизор аст. 20 октябр  Медведев дар ҷангал бо хирси ваҳшӣ дучор шудааст. Варзишгар ҳамроҳи ду марди дигар аз моҳигирӣ дар соҳили дарёи Иртиш бармегашт. Хирс ба моҳигирон ҳамла кард, яке аз ҳамроҳони Иля ҳалок шуд. Боксёр  бо ҳайвон ба ҷанги тан ба тан бархоста тавонист ӯро бикушад. Илья Медведев устоди варзиш дар бокс аст. Моҳи июли соли 2019 вай дар чемпионати Қувваҳои Мусаллаҳи Русия тилло ба даст оварда, дар вазни то 64 кило беҳтарин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *