Мехоҳи соҳиби гарданбанди тиллоӣ шавӣ? Озмуни “Зебосанами фатиламӯй”
Мехоҳи соҳиби гарданбанди тиллоӣ шавӣ?
Озмуни
“Зебосанами фатиламӯй”
Идораи ҳафтаномаи «Оила» ба ифтихори ҷашнҳои баҳорӣ-Рўзи модарон ва Иди Наврўз озмуни «Зебосанами фатиламӯй»-ро эълон менамояд.
Дар озмун духтарон ва ҷавонзанҳои аз 15- сола болое, ки мӯйи зебо доранду кокулонашонро ба таври махсус оро медиҳанд, иштирок карда метавонанд. Барои иштирок дар озмун маълумоти мухтасарро бо як расми худ тариқи viber, whatsapp ё imo ба рақами -98-581-89-81 фиристед. Расм бояд аз наздик гирифташуда (крупний план) ва ороиши мўйи сари шумо бисёр хуб намоён бошанд. Агар шумо сурати хуб надошта бошед, метавонед ба идораи ҳафтаномаи “Оила” омада, аз хизматрасонии суратгири касбӣ истифода баред.
Расм ва маълумот дар бораи довталабони озмуни «Зебосанами фатиламўй» дар ҳар шумораи ҳафтаномаи «Оила» дарҷ гашта, овоздиҳӣ ба тарафдории довталабони озмун тавассути купонҳои дар ҳафтанома дарҷёфта муайян гашта, натиҷаашро дар сомонаи “Tajikistantimes.tj” дида метавонед.
Озмун дар арафи идҳои баҳорӣ, яъне рўзи модарон ва ҷашни Наврўз ҷамъбаст гашта, се нафар ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд. Ғолибони озмунро сабади косметика аз фирмаи Фаберлик интизор аст.
Бонуе, ки аз ҷониби хонандагони «Оила» зеботарин эътироф карда мешаванд, соҳиби шоҳҷоиза-гарданбанди тиллоӣ бо рамзи муҳаббат мегардад.
Биштобед! Шанси худро аз даст надиҳед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ