«Mercedes-Benz Sprinter» ба Сурхоб рафт. 25 сар чорво ва як тонна мева нобуд шуд

Як мошини боркаши тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», ки аз ноҳияи Лахш ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат будааст, ба дарёи Сурхоб сарозер шудааст.

Ин мошин ба як сокини ноҳияи Ҳисор тааллуқ дошта ва аз сабаби идора карда натавонистани ронанда ба фалоакат дучор шудааст.

Бино ба хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст, ин ҳодиса нимишабии рӯзи 24-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 00:00 дар қаламрави деҳаи Ялдамичи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронанда ва мусофири мошин худро аз ғарқоб наҷот додаву ба соҳил расидаанд, вале 25 сар моли хурд ба ҳалокат расида, як тонна меваи дохили мошин нобуд шудааст.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Рашт ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти наҷот мошинро аз дарё берун кашидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.