Миннатдории Сафорати ИМА ба ВКД

Роҳбарияти Сафорати мазкур ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти назаррас ва касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳиро таъкид намудаанд.

18-уми августи соли 2019 кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамёни рангаш сиёҳро дарёфт намуданд, ки дар дохилаш ҳуҷҷати ронандагӣ, кортҳои бонкӣ ва каме маблағ буда, ба шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааллуқ дошт.

Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фавран онҳоро ба воситаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба шаҳрванди номбурда дастрас намуданд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Сафорати мазкур ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти назаррас ва касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳиро таъкид намудаанд.

Ногуфта намонад, ки худи шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ шахсан ба шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ занг зада, барои дарёфти ҳамён, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкии худ ба корманди ин шуъбача лейтенанти милитсия Саидов Умедҷон изҳорӣ сипос намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *