Модари театри тоҷик 89-сола шуд (видео)

Имрӯз, 1 май, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик Марям Исоева ба синни мубораки 89 расид.

Марям Исоева яке аз чеҳраҳои барҷаста ва дӯстдоштаи саҳнаи тоҷик ба шумор меравад, ки бештари умри худро ба ҳунар бахшидааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодии худ даҳҳо нақшҳои мондагорро офарида, дар рушди санъати театрӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Бо вуҷуди муваффақиятҳои ҳунарӣ, зиндагии шахсии ӯ аз таззод, озмоиш ва мушкилоти зиёд холӣ набудааст. Ҳунарпеша дар баробари шикасту душвориҳо ҳамеша устувор боқӣ монда, барои адолат мубориза бурдааст ва маҳз ҳамин хислатҳо ӯро қавитар гардондаанд.

Марям Исоева махсусан дар иҷрои нақшҳои модар маҳорати баланд нишон дода, бо эҳсоси амиқ ва самимияти хос дили тамошобинонро тасхир кардааст. Аз ин рӯ, ӯро дар баробари Мушаррафа Қосимова бо эҳтиром «Модари театри тоҷик» меноманд.

Ҳамчунин, имрӯз, 1 май зодрӯз доранд:

–  Рауф Азаматов, доиранавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1939-1985);

–  Фаттоҳ Азизов, доктори илми иқтисод, профессор (1949);

–  Абдулло Бердиев, журналист (1954);

–  Ҷўрабой Бурҳонов, олими соҳаи биология (1939);

–  Гурминҷ Завқибеков, ҳунарманди театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1929- 2003);

–  Аслишо Мазҳабшоев, олими соҳаи тиб (1934);

–  Лола Ҳасанова, санъатшинос (театр), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1939-2009).

–  Қаҳҳор Ҷабборов, сарояндаи хор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1914-1986).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *