Moody’s Ratings: Рейтинги қарзии Тоҷикистон то сатҳи “B2” боло рафт

Агентии байналмилалии рейтингии Moody’s Ratings рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи “B2” баланд бардошта, дурнамои онро “устувор” арзёбӣ намуд.

Қарори мазкур 5 марти соли 2026 қабул гардида, бори аввал аст, ки рейтинги қарзии кишвар ба ин сатҳ мерасад. Тоҷикистон аз соли 2014 инҷониб бо агентии мазкур ҳамкорӣ дошта, дар ин давра нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тадриҷан беҳтар гардидаанд.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ба арзёбии Moody’s Ratings, баланд шудани рейтинг аз “B3” ба “B2” пеш аз ҳама ба рушди устувори иқтисодии кишвар, таҳкими вазъи молиявию буҷетӣ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ вобаста мебошад.

Дурнамои “устувор” нишон медиҳад, ки дар давраи миёнамуҳлат идомаи сиёсати мутавозини молиявию буҷетӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ дар кишвар пешбинӣ мегардад.

Коршиносон бар он назаранд, ки баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар эътимоди шарикони байналмилалӣ ва бозорҳои молиявиро ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш дода, барои ҷалби сармоя ва коҳиш додани арзиши қарзгирӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *