Моратория. Коррупсия миёни соҳибкорро мешиканад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба парлумон аз тафтишҳои рӯзафзуни фаъолияти соҳибкорон изҳори нигаронӣ намуда, барои ду сол-2018 ва 2019 моратория эълон карданд. Дар Паём зикр ёфт, ки  танҳо дар ду моҳи соли 2017 ҳар як ширкат ба ҳисоби миёна дастикам 5 маротиба мавриди тафтишу санҷиш қарор гирифтааст. Перомуни моҳият, зарурат, ҳадафҳои мораторияи навбатӣ бо Олим Бобоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, вакили парлумон хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суҳбате анҷом дод. 

Олим Бобоевич,чӣ зарурат пеш омад, ки барои ду соли оянда дар мавриди тафтиши фаъолияти ширкату корхонаҳо  моратория эълон гардад?

— Ҳадафи асосӣ дастгирии соҳибкорон ва ҷалби сармояи хориҷист. Аз тарафи дигар, кам кардани ҳолатҳои коррупсионӣ дар сохторҳоист. Дар давоми як соли охир ҳолатҳои коррупсионӣ дар сохторҳои давлатӣ ба андозаи 25% боло рафтааст. Ин  падидаи бисёр  номатлуб аст ва ба рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунад, ба фазои солими соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон  ва сармояи хориҷӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона,  ҳолатҳои коррупсионӣ дар сохторҳое мушоҳида мешаванд, ки ҳуқуқи санҷиш  ва назоратро доранд. Ҳатто,  дар баъзе маврид ниҳодҳои давлатӣ аз доираи ваколати худ берун мебароянд.

-Умуман, дар Тоҷикистон чанд сохтор ҳуқуқи санҷиш ва назорати фаъолияти соҳибкоронро доранд?

-Зиёда аз 70 сохтор аст. Акнун дар давраи амали моратория 4-5 сохтор ҳуқуқи санҷиши фаъолияти соҳибкоронро пайдо намудаанд. Дар ин муддат танҳо ба тафтишҳои нақшавӣ аз ҷониби мақомоти андоз, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ иҷозат дода мешавад.

Пеш аз моратория  баъзе сохторҳо аз ваколатҳои худ суиистифода карда, аз ҳадди муқаррарӣ мебаромаданд.   Масалан, дар давраи тафтиш соҳибкорон ё молики корхонаро мегуфтанд, ки бо хӯрок, мошин таъмин карда шаванд. 25 %  зиёд шудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соли 2017 гувоҳи ин гуфтаҳост. Ин омори расмӣ аст.  Бинобар ин, иқдомии навбатии эълон шудани моратория саривақтист.

-Маротибаи сеюм аст, ки моратория эълон мешавад.  Ин навбат то кадом андоза ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд?

-Мораторияҳое, ки қаблан эълон ва амалӣ шуданд, натиҷаи назаррас ба бор оварданд, зеро дар ин давра фаъолияти соҳибкории хурду калон ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ бештар гардид.

-Моратория нисбати кадом қишри соҳибкорон амалӣ мегардад?

-Аз соҳибкории хурд то калон.

-Дар муқоиса ба Тоҷикистон, кадом кишварҳои муштаракулманофеъ аз моратория истифода кардаанд?  Дар ҳамин замина, вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-Дар аксари кишварҳо ин роиҷ аст. Аз ҷумла, дар Қазоқистон ва Қирғизистон чандин маротиба моратория амалӣ карда шуд. Аслан назорати аз меъёр зиёд як атрибути системаи ғайридемократӣ аст.  Барои  санҷиш худи соҳибкор ҳавасманд бошад, на сохтори дигар. Аудит аз тарафи корхона даъват шавад. Ё барои нуфузи корхонаро баланд бардоштан, аз хориҷа аудитор даъват шуда,  вазъи молиявиро дида барояд. Инро худи соҳибкорон бояд талаб кунанд. Ба  соҳибкорон набояд, ки фишор оварда, вазъи корхонаашонро бадтар кард. Бархе сохторҳо ғаразмандона корхонаҳоро аз санҷиш мегузаронанд. Дар Тоҷикистон ташкилотҳои аудиторӣ зиёданд. Корхонаҳо зарурият шуморанд, бо ин аудиторон ҳамкорӣ намоянд, беҳтар аст. Масалан, агар бо ман касе салом накард, маънои онро надорад, ки ӯро дар ҷояш шинонам. Ин гуна ҳолатҳо низ зиёд мушоҳида мешавад.

-Шумо солҳои зиёд дар сохторҳои давлатӣ вазифаҳои роҳбариро бар зимма доштед. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси ректор, дар Вазорати нақлиёт вазир, дар Институти иқтисод ва демогарафияи АИТ директор шуда кор кардед. Ба чунин ҳолатҳо дар давраи фаъолиятатон рӯ ба рӯ меомадед?

-Бале, зиёд буданд. Дар фаъолияти чандинсолаи  кориам борҳо ба ин рӯ ба рӯ гардидам. Умуман, ба  тамоми санҷишҳои ғайринақшавӣ  моратория ҷорӣ кардан лозим аст. Бигзор, корхона ё соҳибкор агар зарур шуморад, аз ташкилотҳои аудиторӣ, ки сертификати фаъолият доранд,  истифода баранд. Масалан, вақте ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон будам, ба мо бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ зиёд муроҷиат мекарданд. Дар заминаи таҳлилҳои амиқ хулоса бароварда, оид ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ тавсияҳо медодем.

-Ҳамчун олими соҳаи иқтисод  омили асосии монеа ба фаъолияти соҳибкориро дар чӣ мебинед?

-Коррупсия. Аз ин хатари бузургтаре нест. Коррупсия миёни соҳибкоронро мешиканад.

-Ассотсиатсияи соҳибкорон маълумот медиҳад, ки давоми соли сипаришуда ҳудуди 2000 соҳибкор фаъолияташро қатъ кардааст. Назари шумо дар ин маврид чист?

-Сабаби асосӣ онҳое ҳастанд, ки обро надида мӯза кашидаанд. Дар иқтисодиёти мо сатҳи фоида аз 15-20 фоиз бештар нест. Махсусан, дар соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти аввалия, зеро дар ин ҷо хароҷот калон аст. Яъне, аз қабили хизматрасонии нақлиёт, барқ, кашонидани мавод. Танҳо дар соҳаи алоқа 30-35 фоиз фоидаи воқеӣ ҷой дорад.  Аз ин лиҳоз, нафароне, ки ҳангоми корхонаро  таъсис додаанд,  ҳамин масъаларо дар бизнес-плани худ ба инобат нагирифтаанд. Соҳибкорӣ аз рӯйи ҳавас нест. Он  ҳисоби дақиқро талаб менамояд.

-Пас, чӣ бояд кард, ки фаъолияти корхонаҳо густурдатар бошад?

-Низомӣ андозбандӣ ва тарзи воридоту содироти маҳсулот таҷдиди назар мехоҳад. Соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, ба  баъзе корхонаҳо барои воридоти таҷҳизот сабукӣ дода шуд. Ҳамин гуна имтиёзҳоро ба соҳаҳои дигари афзалиятнок, ки оянда рушди онҳоро мехоҳем, дода шавад. Махсусан, минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, ки аз имтиёзҳои зарурӣ бархӯрдоранд.

-Дар Паём зикр шуд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум  дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 –уми январи соли 2018 фурӯши чунин  молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад. Молҳои ниёзи мардум гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст?

-Бофандагӣ, ресандагӣ, дӯзандагӣ, косибӣ сӯзанӣ. Яъне, тамоми  маҳсули ҳунари дастӣ, ки дар хона  омода карда шуда, барои фурӯш ба бозор  бароварда мешавад, аз тамоми намуди андоз озод аст.

-Дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд аст. Фаъолияти ду минтақа: — Суғду Данғара хеле чамшрас аст, чандин корхонаҳои саноатӣ ташкил шудаанд, ки ба рушди иқтисоди мамлакат манфиат меоранд.  Аммо дар ду минтақаи дигар — Панҷу Ишкошим як навъ оромӣ мушоҳида мешавад. Чаро?

-Минтақаҳои озоди иқтисодии Ишкошим ва Панҷ наздики сарҳад ҳастанд. Ин минтақаҳо маҳз ба хотири ҳамкории байнидавлатӣ таъсис ёфта буд. Азбаски Афғонистон ва Покистон он қадар ором нест, ворид шудани сармояи хориҷӣ хатар дорад. Вале бо ин иктифо набояд кард, ба сармоягузори хориҷӣ имконияти бештар додан лозим аст, ки дар дигар минтақаҳо фаъолият баранд.

-Магар соҳибкорон аз эълони шудани моратория суиистифода намекунанд?

-Не, фаъолияти онҳо дар рӯи ҳуҷҷат равшан аст. Воридот ва содироти мол таҳти назорати давлат аст. Агар мақомот суиистифода накунанд, соҳибкор ҳеҷ коре карда наметавонад. Баръакс, соҳибкор на аз мақомот, балки бозор вобаста бошад.  Мутаассифона, фаъолияти соҳибкорони мо пойбанди  мақомотанд. Агар мақомоти маҳаллӣ замин надиҳад, маҷбур аст, ки пул диҳад. Вақте ки пул дод, фаъолияти пурсамар бурда наметавонад.  Намояндаи мақомоти назоратӣ фикр намекунад, ки  маоши ӯ ва кормандонаш аз ҳисоби фаъолияти мардум вобаста аст. Яъне,  мардум меҳнат мекунанд ва ба ғанӣ гардидани буҷет саҳм мегиранд. Буҷет агар пур набошад, кормандони мақомот аз куҷо маош мегиранд? Аз ин хотир, эълон шудани моратория амали саривақтӣ аст. 

Мусоҳиб Усмон Раҳимзода,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *