Муҳаққиқони ҷаҳонӣ дар Самарқанд: Баргузории Конгресси VI-и байналмилалӣ

Дар шаҳри Самақанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Конгресси VI-и байналмилалии ҷомеаи ҷаҳонӣ — Мероси фарҳангии Ӯзбекистон — эҳёи ренессанси ҷадид” баргузор гардид, ки дар он аз 35 мамолики ҷаҳон олимону пажуҳишгарон ва кормандони осорхонаву китобхонаҳои кишварҳо ҳузур доштанд.

Дар баробари ин, барои инъикоси чорабинии мазкур рӯзноманигрони чанде аз кишварҳо, ки даъват гардида буданд, ба таври фаврӣ аз ҷараёни чорабинӣ хабару гузоришҳо пахш менамуданд.

Конгресси мазкур аз 22-юм то 24-уми июл баргузор шуд, ки дар доираи он якчанд мавзуҳои муҳими таърихӣ баррасӣ ва муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра доир ба мероси хаттии осорхонаҳо ва китобхонаҳои кишварҳои худ маълумоти мухтасар ироа карданд. Ҳамчунин, дар конгресс боздид аз баъзе ҷойҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ сурат гирифт, ки барои меҳмонон бисёр ҷолиб ва хотирмон буд.

Раиси ҳайати Анҷумани байналмилалии омӯзиш, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ Фирдавс Абдухолиқов, намояндаи ERIELL Group профессор Юсуф Абдуллоев, Роҳбари Дафтари ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Сара Ношади, директори иҷроияи Бунёди мероси исломии «Ал-Фурқон» Соли Шаҳсиварӣ, раиси Пажуҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Фредерик Старр, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, Президенти Академияи илмҳои Туркия Музаффар Шакер, Президенти Академияи миллии илмҳои Қирғизистон Мурат Ҷуматаев, директори Пажуҳишгоҳи дастхатҳои шарқии Академияи илмҳои Русия Ирина Попова, Президенти Нашриёти Мюллер ва Шиндлер Шарлотта Крамер ва дигарон аз меҳмонони соҳибэҳтиром ва расмии конгресси мазкур ба ҳисоб мерафтанд.

Дар маросими ифтитоҳ, ки дар “Кохи эҷодии ҷавонони Самарқанд” баргузор гардид, раиси ҳайати Анҷумани байналмилалии омӯзиш, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ Фирдавс Абдухолиқов ба иштирокдорони конгресс барои ҳузурашон дар чорабинӣ дар самти ҳифзи мероси фарҳангии Ӯзбекистон изҳори сипос намуда, нақши Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар ин самт бисёр муҳим арзёбӣ намуд: “Яке аз ин натиҷаҳои чорабинии байналмилалии имрӯза, инчунин нашри силсилаи китобҳои «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар коллексияи ҷаҳон» мебошад. Ҳамаи ин ба шарофати меҳнати шумо ва муттаҳидии мо ба вуҷуд омад. Ин чорабинӣ, ба назари ман, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама барои худи Ӯзбекистон ва ҷавонони он хеле муҳим аст”.

— Ҳамчунин, шарқшиносон, муҳаққиқон, хатшиносон дар саросари ҷаҳон осори фарҳангии Ӯзбекистонро ҷустуҷӯ ва дарёфт мекунанд. Он метавонад ашёи рӯзгор, либос ё ҷавоҳирот бошад. Ҳамаи ин дар китобҳо тасвир шудааст. Дар давоми шаш сол 50 шумора аз чоп баромад ва имсол ба он боз 10 китоби нав зам шуд. Нашри навро олимони Русия, Ҳиндустон, Малайзия ва Венгрия навиштаанд. Инчунин мавзуҳои нав низ мавҷуданд”,- мегӯяд Абдухолиқов.

Юсуф Абдуллоев дар бораи таърихи умумии Осиёи Миёна сухан ронда, зикр намуд, ки шахсиятҳои барҷастаи ин минтақа, аз ҷумла Ибни Сино ва дигарон барои фарҳангу адаб ва рушди илми ҷаҳонӣ аз худ мероси гаронбаҳое бар ҷой гузоштаанд.

Коршиноси амрикоии оид ба Русия ва Осиё Фредерик Стар дар мавриди баҳсҳои илмии олимони асри X-XI сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки мубоҳисаи онҳо ҳамеша ба пешрафти илми ҷаҳонӣ мусоидат кардааст. Ба ақидаи ӯ, олимони минтақаи Осиёи Марказӣ дар гузашта баҳсҳои илмии амиқ доштаанд ва андешаҳои ҳамдигарро ба тавре нақд менамудаанд, ки аз он андешаи воло, сухани бикр берун мешудааст. Фредерик Стар гуфт, китобе бо номи “Рақобати хирадмандон” дар ҳоли эҷод доштааст, ки ба баҳси Абӯалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ тааллуқ дошта, онҳо ҳамчун ду шахсияти дар илм ва ҷодаи худ муваффақ ва соҳибиззат нишон дода мешаванд.

Баъдан дар кори конгресси мазкур дар 3 бахш: муаррифии китобу албомҳои таҳияшуда дар соли 2021 ва нимаи аввали соли 2022, самтҳои афзалиятноки фаъолияти интишории барномаи Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар коллексияи ҷаҳонӣ, масъалаҳои муҳими ковишҳо ва таърихи фарҳанги Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ идома пайдо намуд.

Дар ин бахшҳо олими малайзиягӣ Хеба Ниел Баракат дар мавриди “Нақши осорхонаи санъати исломии Малайзия дар тарғиб ва ҳифзи мероси Ӯзбекистон”, Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Венгрия Бенедек Пери дар мавзӯи “Таърихи мухтасари туркологияи Венгрия ва «кашфиёт»-и мероси мадании Ӯзбекистон”, мудири шуъбаи Осорхонаи миллии Ҳиндустон Катибур Раҳмон дар мавзӯи “Дастнависи “Бобурнома” дар фонди Осорхонаи миллии Деҳлӣ, Муҳриддини Низомӣ — ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоӣ ҳамчун сарчашмаи адабии даврони Темуриён”, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудов, профессор Шодимуҳаммад Суфизода ва дигар олимону муҳаққиқони кишварҳо суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи “Конгресси VI-и байналмилалии ҷомеаи ҷаҳонӣ – Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – эҳёи ренесанси ҷадид”  меҳмонон аз ҷойҳои таърихии ин шаҳри бостонии машҳури дунё, аз ҷумла “Кони гил”, “Осорхонаи Афросиёб”, мақбараи “Шоҳи зинда”, “Майдони Регистон” ва ғайра дидан карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар конгресс намояндагони кишварҳои Австрия, Озарбойҷон, Баҳрайн, Британияи Кабир, Маҷористон, Олмон, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Испания, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Марокаш, Муғулистон, Русия, ИМА, Туркманистон, Туркия, Фаронса, Шветсария, Шветсия, Ҷопон ва ғайра иштирок намуданд.

Ҳамчунин, коршиносон ва таърихнависони баъзе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Арабистони Саудӣ, Непал, Шри-Ланка ва Ҷумҳурии Корея ба таври маҷозӣ ба он пайвастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *