Муҳоҷири қаҳрамон бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардид
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 феврал фармонеро имзо кард, ки бар асоси он Хайрулло Ибодуллоев бо медали давлатии «Ҷасорат» қадрдонӣ мешавад.
Дар фармон зикр шудааст, ки мукофот барои «шуҷоат, қаҳрамонӣ ва фидокорӣ» ба муҳоҷири 36-сола тақдим мегардад. Ӯ рӯзи 22 феврал дар шаҳри Санкт-Петербург кӯдаки ҳафтсоларо аз афтодан аз ошёнаи ҳафтуми як бино наҷот дод.
Бар асари ҳодиса кӯдак, бо вуҷуди шикастани пой ва осеб дидани узвҳои дохилӣ зинда монд. Худи Ибодуллоев низ ҷароҳат бардошта, дасташ шикаста, чанд дандонаш осеб дидааст.
Гуфта мешавад, ки Ибодуллоев чор моҳи охир дар Санкт-Петербург ба ҳайси кӯчарӯб кор мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ