Муҳоҷири тоҷик аз зарбаи барқ фавтид

Умаралӣ Ҳакимов, муҳоҷири 27-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, аз зарбаи нерӯи барқ дар Русия фавтидааст.

Ҳакимов дар як корхонаи истеҳсоли “бетон” дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав кор мекард ва ҳодиса рӯзи шанбеи 14-уми сентябр рух додааст.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо шунидани ин хабар ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, мегӯянд, «пас аз рух додани фоҷиа ҳамаи кормандон бо шумули роҳбарон мошину таҷҳизотро гузошта фирор кардаанд.»

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, кордеҳон дар Русия ба шароити бехатарии кори онҳо ба истилоҳ аз пушти панҷа менигаранд.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо муҳоҷирони мавсимиянд ва асосан дар фасли баҳору тобистон ба Русия мераванд.

Соли гузашта беш аз 900 тобути онҳоро ба ватан оварданд. Сабаби марги муҳоҷирон куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *