Муаллими тоҷикро қирғизҳо латукӯб карданд. Ӯ кист?

Тавре иттилоъ дода мешавад, дар Исфара як омӯзгори 59-соларо аз деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар наздикии марз сарҳадбонони қирғиз рабуда ва латукӯб кардаанд, ки ҳоло дар бемористон бистарист.
Ин ҳодиса рӯзи 1-уми декабр рӯй додааст. Деҳаи Сомониён дар моҳи апрели имсол яке аз минтақаҳои “гарм” дар даргирии миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон буд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса хабаре надодаанд. Масъулони ноҳияи Бодканд, ҳаммарз бо Исфара, баръакс, иддао карданд, ки як сокини деҳаи Куктош аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон латукӯб шуда, дар шифохона хобидааст.
Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон шоми 1-уми декабр дар бораи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистон гузориш дод.
Аммо тавре сокинон мегӯянд, Камолиддин Собиров, муовини мудири мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён, тақрибан соати даҳи рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии мактаб «рабуда шудааст». Онҳо дар ин кор сокинони маҳаллаи қирғизнишинро гунаҳкор мекунанд.
Набихон Набиев, мудири мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён, гуфт: «Аз муаллим хоҳиш карда будам, ки рафтуомади бачаҳоро назорат кунанд. Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи қирғизнишин ӯро ба мошин бор карда, бурдаанд. Бегоҳӣ бо дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот раҳо карданд.»
Нишонбой Собиров, писари Камолиддин Собиров, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, «падарамро хеле азоб додаанд ва ҳоло ӯ дар беморхона бистарӣ аст.»
Як духтури шифохонаи ҷамоати Чоркӯҳ тасдиқ кард, ки «руй ва зери чашми муаллим Собиров кабуд шудаанд.» «Ба сабаби зарбу лат хӯрдан нафаскашиашон низ душвор шудааст. Ба қабурғаҳояшон задаанд. Ҳамчунин осори шиканҷа дар пояшон дида мешавад ва роҳ гаштанашон мушкил шудааст. Ҳоло ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара фиристодем,» – шарҳ дод ӯ, вале нахост номаш зикр шавад.
Ҷониби Қирғизистон, баръакс, иддао дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини деҳаи Куктоши вилояти Бодкандро задаанд ва ӯ дар бемористон аст. Учқунбек Ҷӯрабоев, раиси ноҳияи Бодканд, гуфтааст, вазъи ӯ муътадил аст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли Розия Усарова, раиси Куктош, навишт, ки як сокини деҳа дар поёни рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми ҷустуҷӯи чорво аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон латукӯб шудааст. Вай гуфтааст, дар он вақт шаҳрвандони Қирғизистон як сокини Тоҷикистонро дастгир карданд ва «баъд аз гуфтушунид мубодилаи шаҳрвандон сурат гирифт.»
Низои мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол, ки аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, робитаи ду кишвари болооби Осиёи Марказиро сарду печида кард. Ҳарду тараф ҳамвора якдигарро ба сар задани муноқиша ва кӯшиши ноором кардани вазъ гунаҳкор мекунанд.

Аз “Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *