Муаррифии китобҳои нави Усмонҷон Ғаффоров

      Дар китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили муаррифии китобҳои тозанашри муаррихи барҷаста, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Усмонҷон Ғаффоров зери унвони «Китобҳо доир ба бузургони илму адаб» баргузор гардид.

Дар оғози маҳфил сарвари китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов доир ба мазмуну муҳтавои китобҳои тозанашри профессор Усмонҷон Ғаффоров таҳти унвони «Сотим Улуғзода» ва «Академик Султон Умаров» маълумоти мухтасар дод.  

Сипас, Нуралӣ Нурзод, дотсент, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ака Субҳони Аъзамзод, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба «Сарнавишти бузургон ва шеваи нигориши ҳаёти зиёиёни тоҷик», Ҳайдар Саидов, профессори устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Китоби «Султон Умаров» асарест, ки хотираҳоро зинда мегардонад» фикру андешаҳои илмии хешро баён доштанд.
Бояд қайд намуд, ки Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ зиёда аз 70 китоб, беш аз 160 мақолаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳо, беш аз 700 мақолаҳои илмӣ – оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расонидааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *