Муаррифии Тоҷикистон тавассути илм ва инноватсия
Аз 14 то 18 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» баргузор мегардад. Форуми мазкур бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар ин чорабинӣ олимон ва ректорони донишгоҳҳои як қатор кишварҳо иштирок намуда, масъалаҳои рушди устувор, рақамикунонӣ ва ҳамкориҳои илмӣ-таълимиро баррасӣ мекунанд.
Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар доираи форум рӯзҳои 12-13 апрел ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Русия, Туркия, Латвия, Лаҳистон, Индонезия, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.


“Ба ҳайати меҳмонон барномаи форум, самтҳои асосии ҳамкорӣ ва имкониятҳои густариши робитаҳои илмӣ-таълимӣ муаррифӣ гардид. Таъкид гардид, ки иштирок ва ҳамкории донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ барои рушди робитаҳои байналмилалии академӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад”,-иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз донишгоҳи мазкур.
Ҳамзамон, дар доираи форум барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқ ва гумрук машғулиятҳои интерактивӣ аз ҷониби профессори олмонӣ Оскар Радҳауэр баргузор гардидааст. Дар ҷараёни дарсҳо масъалаҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар идоракунии гумрук, инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ба масъулини баргузории форум, ин чорабинӣ ҳамчун платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалиро бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди устувор, иқтисоди «сабз», рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсияҳо муттаҳид месозад.
Дар доираи он баргузории саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ, форуми ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва экологӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи асосии форум тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои илмӣ, сайёҳӣ ва инноватсионии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ