Муллои насронӣ Холматов 3 сол зиндонӣ шуд
Бино ба гузоришҳо, Суди шаҳри Хуҷанд як роҳиби калисои насронӣ, маъруф бо номи “Сонмин Сунбогим”-ро ба ҷурми “ифротгароӣ” ба се соли зиндон маҳкум кардааст.
Як саҳифаи марбут ба насрониҳо мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ охири моҳи июл содир шуд ва аз пайравони масеҳият хостааст, ки дар ҳаққи ӯ дуо кунанд.
Баҳром Холматови 42-сола рӯзи 10-уми апрели имсол баъд аз тафтиши калисояшон дар шаҳри Хуҷанд дастгир шуд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи иттиҳомот ва ҳукми Баҳром Холматов чизе нагуфтаанд, аммо моҳи апрел баъди боздошт эълон кардаанд, ки ӯ ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар гузашта пайравони динҳои ғайриисломиро на ба ифротгароӣ, балки ба “барангехтани кинаву адовати динӣ” муттаҳам кардаанд.
Як вебсайти марбут ба насрониён мегӯяд, ки рӯзи 10-уми апрел маъмурони амниятии Тоҷикистон ба таври ногаҳонӣ вориди калисо шуда ва мардумеро, ки барои ибодат омадаанд, боздошт ва адабиёти диниашонро мусодира кардаанд. Ба иддаои онҳо, мақомот аз калисо ва манзили Баҳром Холматов китобҳои динӣ ёфта ва ташхиси диншиносӣ ин китобҳоро “ифротӣ” номидааст.Дар Тоҷикистон тамоми китобҳои динӣ аз ташхис гузашта ва сипас чопу мавриди истифода ва фурӯшу таблиғ қарор хоҳанд гирифт. Онҳое, ки ин муқарраротро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.Талоши мо рӯзи 6-уми август барои сӯҳбат бо намояндагони додгоҳ ва хонаводаи Баҳром Холматов бенатиҷа буд. Қаблан сомонаи “Форум-18” низ навишта буд, ки ҳеҷ яке аз хешовандон ва ё пайравони калисои “Сонмин Сунбогим” дар бораи сарнавишти роҳиб сӯҳбат намекунанд, зеро метарсанд, ки аз тарафи мақомот ба мушкил дучор мешаванд. Ҳамин сомона навишта буд, ки моҳи феврал як шӯъбаи калисои мазкур дар шаҳри Конибодомро низ бастаанд.Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, азбаски пайравони ин гурӯҳ расман созмони мазҳабии худро дар кишвар сабтином накардаанд, ҳаққи фаъолият надоранд.Ин калисо аз соли 1993 дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабул
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ