Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ

14 феврал дар шаҳри Душанбе  мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайи баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат хонум Тсзоу Ҷиайиро ба муносибати интихоб шуданаш ба вазифаи баланд табрик гуфта, ташрифи нахустини ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни мулоқот сатҳи кунунии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ баррасӣ гардида, ба саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Бонк яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар самти ташаккули инфрасохтори муосир, пешбурди рӯзномаи рушди устувор ва иқтисоди «сабз» ба ҳисоб меравад.

Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ва идомаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ такони нав мебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *