Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода 3 декабр бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ Вазири фарҳанг аз ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуда, гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва он  авлавияти сиёсати хориҷии мамлакати мо ба ҳисоб меравад».

Зикр шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо (Брюссел) соли 2001 фаъол гардид. Дар навбати худ, Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз соли 2009) соли 2004 кушода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *