Муъминобод: Ҷавоне ҳангоми ҷустуҷӯи тилло зери харсанг монд (аудио)

Як сокини ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҷустуҷӯи тилло зери харсанг монда, ба ҳалокат расидааст.

Нуруллоҳ Ҳасанов, мухбири сомони Pressa.tj мегӯяд, ки ин ҳодиса 3-юми апрел дар деҳаи Момондиёни ноҳияи Муъминобод рух додааст.

“Хисрави Сафар, ҷавони 23-сола соати 4-и субҳ ба ҷониби Куҳансайёд меравад. Баробари расидан, ба кандани чуқурӣ сар мекунад. Бо дарёфти 1-2 грамм тилло шавқу завқаш афзун гашта, боз ба пеш, ҷониби харсанги 300-400-килограмма канданашро идома медиҳад. Худаш ҳам нафаҳмида мемонад, ки чӣ тавр бехи харсангро рахна кардааст. Харсанг ба болояш ғалтида, ӯро пахш мекунад. Дар натиҷа Хисрав дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”,- гуфт Нуруллоҳ Ҳасанов.

Бино ба гуфтаи манбаъ, волидайни Хисрави Сафар ният доштаанд, ки баъд аз моҳи Рамазон ӯро оиладор кунанд.

“Чунин ҳодисаҳои нохуш дар мавзеи Шугнови Ховалинг низ зуд-зуд рух медиҳанд”,- таъкид менамояд Нуруллоҳ Ҳасанов.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.