Мунира Раҳимова дар Суғд вазифаи нав гирифт

Бо  фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Саъдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъйин гардид.

Имрӯз бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинзода дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора баргузор шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Мунира Раҳимова, сардори нави Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд аз кадрҳои соҳибтаҷриба буда, солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *