Муроҷиати донишҷӯ ба Вазири маориф

Муҳтарам Нуриддин Саид! Ба Шумо донишҷӯе муроҷиат менамояд,ки аз сабаби надоштани имконияти молӣ, наметавонад донишгоҳро хатм намуда, соҳиби касб гардад. Гап дар сари он, ки ман курси сеюми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри  Душанбе ба номи  устод Садриддин Айниро хатм намуда, ба курси чорум гузаштам. Аммо ҳоло маро барои он, ки маблағи таҳсилро дода наметавонам, аз Донишгоҳ хориҷ карда истодаанд. Воқеан ҳам гумон доштам, ки маблағе пайдо мекунаму донишгоҳро хатм менамоям ва бо сари баланд ба хизмати халқу Ватанам камар мебандам. Аммо аз сабаби нафакахур будани  падарам  ва бекор мондани ӯ ин корро карда наметавонам ва орзуям ҳамин тавр орзу боқӣ мемонад. Наход кишвари мо  ниёз танҳо ба ҳамин маблағи ман дошта бошад ва аз сабаби камбағалӣ ман натавонам таҳсиламро идома диҳам? Муҳтарам Вазир, борҳо хостам,ки ба назди Шумо даромада, мушкилотамро арз кунам, вале дар он ҷо танҳо муовинҳоятон буданд, ки мегуфтанд: мо аз ӯҳдаи иҷрои ин кор баромада наметавонем.  Имрӯз ҳам ба он ҷо рафтам ва танҳо муовини аввалатон корафтодагонаро қабул мекарданд. Чун дидам,ки аз дасти онҳо коре намеояд, баромада ба сомонаи “Тоҷикистон таймс” муроҷиат намудам,ки арзи маро ба шумо расонад.

Муҳтарам Нуриддин Саид! Ман як духтари деҳотӣ ҳастам ва аз байни даҳҳо дугонаҳоям,ки дигар таҳсилро идома додан намехостам, ҷудо шуда, барои таҳсил омада будам ва агар ҳоло аз сабаби камбағалӣ таҳсиламро идома дода натавонам, дар байни онҳо шарманда мешавам. Вагарна, ман донишҷӯи болаёқат ба ҳисоб меравам. Аз Шумо ҳамчуни шахси ҳақиқатбин ва ғамхори ҷавонон хоҳиш менамоям,ки дар ҳалли мушкилоти ман кумаки худро дареғ надоред.

Ситора Наҷмудинова,

Донишҷӯи курси 4, факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ,ихтисоси  забон  ва адабиёт

Шарҳи идора: Вақте,ки ин духтарак ба идораи сомонаи “Тоҷикистон таймс” омад, ашки чашмони худро нигоҳ дошта наметавонист. Бисёр мехост, ки якбор Вазири муҳтарами илм ва маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид арзи ӯро ғуш кунанд ва барои ҳалли мушкилоташ кумак расонанд. Мо низ ба хотири он,ки дар дасти Ситора дафтарчаи имтиҳонии пур аз баҳоҳои хубу аъло буд, номаи ӯро ба нашр расонидем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *