Музаффар Бурҳонов – ҳунарманде, ки балети тоҷикро машҳур кард (видео)

Имрӯз зодрӯзи Музаффар Бурҳонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи балети тоҷик аст. Ӯ 3 июли соли 1941 ба дунё омадааст.

Музаффар Бурҳонов яке аз ситораҳои санъати балети тоҷик буда, дар солҳои шӯравӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва шарики саҳнааш Малика Собирова балети Тоҷикистонро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он муаррифӣ кардааст.

Солҳои 1961–1980 ба ҳайси раққоси балет ва баъдан сарбалетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.

Пас аз даргузашти Малика Собирова соли 1982, Музаффар Бурҳонов бештар ба омӯзгорӣ рӯ оварда, дар Театри опера ва балет ба тарбияи насли нави ҳунармандон машғул шуд. Дар солҳои 1990-ум бо аҳли оилааш ба Аврупо кӯчид.

Ӯ дар зиёда аз 30 намоишномаи балет нақш офаридааст. Соли 1972 нахустин балети худро бо номи «Темурмалик» рӯи саҳна гузошт. Ҳамчунин намоишномаҳои машҳури «Кӯли қувон», «Алибобо ва чил роҳзан», «Суруди кӯҳсорон» ва «Ҳазору як шаб» аз ҷумлаи корҳои мондагори ӯ дар саҳна мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *