Набераи Ҷаббор Расулов аз чӣ розӣ нест?

Ирина Тихонова, набераи собиқ раҳбари аввали Тоҷикистон Ҷаббор Расулов гуфт, қабри бобояшро бидуни гирифтани ризоияти онҳо ва ҳатто хабардор кардан аз Боғи Айнӣ кӯчондаанд.

Қаблан ёвари президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, гӯрҳои ашхоси маъруфро аз ин боз ба оромгоҳи Лучоб бо маслиҳати хешовандонашон кӯчондаанд.

Ирина Тихонова, набераи Ҷаббор Расулов дар мусоҳиба бо хабаргузории русии «Спутник” гуфт, кӯчондани гӯри бобояш аз боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучобро ба ҳеҷ сурат қабул надорад. Ӯ шеваи кӯчондани қабри Ҷаббор Расулов ва дигар шахсиятҳои шинохта аз боғи ба номи Айнии шаҳри Душанберо поймол кардани тамоми меъёрҳои қабулшуда ва қонунҳо номид.

Ирина Тихонова дар ин мусоҳиба гуфт: «Бо мо – на бо ман, на бо бародарам ва на бо модарам ё холааму тағоям – касе тамос нагирифт ва ин кор барои мо комилан ногаҳонӣ буд. Ҳол онки онҳо мебоист нафақат бо мо тамос мегирифтанду хабардор мекарданд, балки ризоияти моро ҳам мегирифтанд. Инро ҳамту фурӯ бурдан ва ин вазъиятро қабул кардан, ба назари ман, дуруст нест.”

Ҳафтаи гузашта боқимондаҳои ҷасадҳои чанд шахсияти маъруф, аз ҷумла собиқ раҳбарони аввали Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, шоир Боқӣ Раҳимзода, адабиётшинос Камол Айнӣ ва ҳамсари ӯ Муқаддима Ашрафиро аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб кӯчонданд. Ба ин тартиб, дар боғи Айнӣ танҳо мазори Садриддин Айнӣ боқӣ монд.

Кӯчондани мазори ин арбоби шинохта дар ҷомиа ба гунаи мухталиф қабул шуд. Бархе аз ин иқдом ҷонибдорӣ карданд ва гуфтанд, ки Боғи Айнӣ ба як маркази дилхушӣ табдил меёбад ва ҳузури мазорҳо дар чунин макон кори дурусте нест. Вале гурӯҳи дигар ин корро беҳурматӣ нисбат ба арвоҳи бузургоне, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми чашмрас доданд, унвон мекунанд.

Бидуни маслиҳату машварат бо наздикони ин арбоби шинохта ва бидуни ҳузури пайвандонашон кӯчондани ин мазорҳо як мояи дигари интиқодҳо аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон шуд.

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар посух ба ин танқидҳо гуфт, кормандони Академияи илмҳо бо духтари Ҷаббор Расулов дар Маскав тамос доштанд ва ризоияти ӯро гирифта буданд: «Ҳамаи наздикону хешовандон дар ҷараён буданд. Машварат шуда буд ва ҳама медонистанд, ки интиқоли қабрҳо сурат мегирад.

Аммо Ирина Тихонова бо онҳо тамос гирифтани касе аз мақомоти Тоҷикистонро рад мекунад ва мегӯяд, бар асоси қонуну қоида, бояд онҳоро нафақат хабардор мекарданд, балки ризоияти онҳоро низ мегирифтанд.

Обид Назаров, раҳбари раёсати фарҳанги Душанбе дар посух ба наздикони норозии шахсиятҳое, ки гӯрҳояшон кӯчонда шуд, гуфтааст, «ҳамин нафароне, ки ки шикояту норозигӣ мекунанд, дар як сол чанд дафъа ба зиёрати қабри гузаштагонашон омадаанд.

Ирина Тихонова дар сӯҳбат бо «Спутник” ба ин иддао низ посух дода, гуфтааст, ки модару бародараш ҳамагӣ як сол пеш зимни сафарашон ба Душанбе аз мазори Ҷаббор Расулов аёдат карда буданд.

Қаблан Сурайё Раҳимзода, духтари Боқӣ Раҳимзода низ изҳори таассуф карда буд, ки қабри падарашро бидуни хабардор кардани онҳо ба Лучоб кӯчондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *