Нахустин гуруҳи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷ сафар карданд

Субҳи имрӯз гуруҳи нахустини зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд.

Бино ба иттилои сухангӯи Кумитаи дини кишвар Афшини Муқим, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин гуруҳи зоиронро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намудаанд.

Зимни суханронии худ раиси Кумита дар баробари таҳният гуфтани зоирон ба муносибати шарафёб гардидан ба адои зиёрати хонаи Худо, инчунин таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намудааст. Раиси Кумита таъкид доштааст, ки ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, хатари ин беморӣ ҳанӯз вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, Сулаймон Давлатзода аз зоирон даъват намудааст, то дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ солимии худро ҳифз намоянд.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон низ дар суханронии худ оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, ба ин муносибат зоирони тоҷикро табрику шодбош гуфтааст.

— Дар охири маросими гусел аз ҷониби Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *