Ҳомид Маҷидов – забонишиноси маъруфи тоҷик даргузашт

Ҳомид Маҷидов, забоншиноси маъруфи тоҷик дар синни 85 солагӣ аз олам даргузашт. Марги профессор Маҷидов дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл бо “Тоҷикистон” суҳбати муфассал дошт ва санаи 16 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 85-солагиаш ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуд. Марҳум бардаму солим дар ин ҳамоиш ширкат ва суханронӣ кард.

Сироҷиддини Эмомалӣ, декани факултети филологияи тоҷик дар суҳбат ба pressa.tj даргузашти профессор Ҳомид Маҷидовро тасдиқ ва марги ӯро талафоти калон ба илми тоҷик арзёбӣ кард:

“Муаллим то дирӯз, бо вуҷуди пиронсолӣ бардаму солим буданд. Санаи 16 июн дар ҳамоиши илмӣ ширкат доштанд. Шаби 19 ба 20 июн аз ҷон ба ҳақ супориданд” – гуфт, ӯ.

Номбурда хабар дод, ки маросими ёдбуди профессор Ҳомид Маҷидов то зуҳри имрӯз дар назди хонааш (маҳаллаи 33, ГАИ) ва ҷанозаи марҳум дар масҷиди маҳаллаи 33 (назди ДОАРЗ) баъд аз намози пешин баргузор мешавад. 

Ҳомид Маҷидов (тав. 15-уми июни соли 1937) — забоншинос, доктори илми филология (1995), профессор (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Яке аз бунёдгузорони назарияи фразеология (таъбирот)-и забони тоҷикӣ. Тамоми умр бо ин мушкилоти сарбаста машғул шуда, як силсила масъалаҳои мубрами онро ҳал кардааст. Ҳамчунин, ба масъалаҳои мубрами луғат, сарф, савтиёт, имло ва услубиёти забони муосири тоҷик машғул шудааст. Бахусус, ақидаҳои ӯ нисбат ба калима ҳамчун воҳиди асосии забони тоҷикӣ ҷолиби диққатанд. “Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик” (1982), “Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик” (2006), “Инъикоси воқеият дар воҳидҳои фразеологии забони адабии тоҷикӣ” (2002), “Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик” (2006), “Забони адабии муосири тоҷик” (2007), “Истиқлол ва забони давлатӣ” (2011), “Фасоҳати сухан ва интихоби маънои дақиқ” (2012), “Сеҳри сухани форсӣ-тоҷикӣ” (2014) беҳтарин китобҳои ӯ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *