Намоишгоҳи аксҳои Денис Тен кушода шуд

Дар ин намоишгоҳ аксҳои Денис Тен аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин аксҳое, ки худи Тен бардоштааст, ба намоиш гузошта шуд. Денис Тен на танҳо варзишкор буд, балки аккосӣ ва сарояндагӣ ҳам мекард. Вай ният дошт, ба филмофарӣ низ машғул шавад. Дар намоишгоҳ филми ҳуҷҷатие, ки дӯстони Денис Тен дар бораи ӯ офаридаанд, низ ба намоиш гузошта шуд.

Бинандагони намоишгоҳ имкон доранд, ки хотираҳояшонро дар бораи Денис нақл кунанд. Намоишгоҳ то 2 сентябр кушода хоҳад буд.

Варзишкори 25-солаи қазоқ Денис Тен 19 июл дар шаҳри Алмато аз зарби корд вафот кард. Ба Денис афроде ҳамла карданд, ки мехостанд шишаи мошини ӯро рабоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *