Намоиши «Рӯдакӣ» дар Қалъаи Ҳисор

 22 сентбяри соли равон дар назди мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор бахшида ба рӯзи сардафтари адабиёти тоҷику форс- Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ операи Шарофиддин Сайфиддинов- «Рӯдакӣ» манзури меҳмонон ва сокинони шаҳр мегардад.
Намоиши мазкур аз ҷониби аҳли эҷоди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо дастгириии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ доданд, баргузор намудани намоиши опера дар мавзеи кушод ва декори табиӣ таҷрибаи нахустини Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.