Намози қазоиро бе ният хонем?

Намози бомдоди қазошударо пас аз тулӯи офтоб, бе нияти қазо адо намудан дуруст аст? Илтимос, доир ба қасдан қазо намудани намоз ҳадису ривоятҳои саҳеҳ биёред!  

Абдуллоҳ,   

Посух:

Намоз фавт шуд, қазо хонда мешавад ва дар ҳолати қазо доштан онро ба нияти қазо мегузорад. Фаромӯш набояд кард, ки қасдан қазо кардани намоз гуноҳи бузург аст ва уқубати сахт дар пай дорад. Дар бораи қасдан тарк намудани намоз аҳодис хеле зиёданд. Аз ҷумла, Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Ҳар касе, ки намозро қасдан тарк мекунад, зиммаи Худо ва зиммаи Расулаш аз ӯ соқит мегардад”. (Ривояти Аҳмад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *