Нархи як табақ оши палав аз 30 сомонӣ гузашт…

Нархи як табақ оши палав аз 30 сомонӣ гузашт… Дар шаҳри Тошканду се вилояти калони Узбекистон моҳи сентябри имсол нархи як табоқ оши палав назар ба моҳи август боло рафтааст. Идораи омори давлатии Узбекистон гуфт, ки дар шаҳри Тошканд дар муқоиса бо моҳи август дар паи афзоиши нархҳо арзиши оши палав 5,4% афзудааст. Дар вилояти Қашқадарё болоравӣ 2,5%, дар вилояти Тошканд 1,8% ва дар Хоразм 3,3 дарсадро ташкил додааст. Моҳи сентябр арзонтарин табоқи оши палавро дар Намангон хӯрдан мумкин буд. Ин ҷо бар ивази як табоқ ош беш аз 14 ҳазор сӯм ё муодили 1,4 доллар пул талаб мекарданд. Як килограмм оши палав дар Намангон 9,6 доллар буд. Дар Тошканд нархи палав қиматтар аз дигар ҷойҳо буда, барои як табақ 2,3 доллар ё барои як килограмм ош 16 доллар талаб мекарданд. Дар Узбекистон аз соли гузашта ба ин сӯ қоидаи ҳисоби нархи оши палав ё таҳияи индекси палав роҳандозӣ шудааст. Мақомоти омори Узбекистон гуфтанд, ки дар бархе кишварҳо вобаста ба ғизои асосиву маъмули сокинони маҳаллӣ – мисли Big Mac Index ваё Olive Index вуҷуд дорад, ки аз рӯи он сатҳи таваррумро дар сатҳи мардумӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Оши палав ғизои маъмул ва асосии мардуми Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар сокинони Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва онро дар ҳама маъракаҳои шодиву ғам таҳия мекунанд. Арзиши таҳияи он бо ҳисоби маҳсулоти асосии он – биринҷ, равғани растанӣ ва сабзӣ ҳисоб карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *