Насби дубораи лавҳа бо забони форсӣ ва узбекӣ дар Донишгоҳи Самангон

Дар Донишгоҳи Самангони Афғонистон навиштаҷоти забони форсӣ ва ӯзбекӣ дар лавҳаи асосӣ дубора барқарор карда шуд. Қаблан он бо дастури мақомоти маҳаллӣ Толибон* бардошта шуда буд, ки боиси вокуниши густардаи ҷомеа форсизабон ва ӯзбекзабон гардид.

Ба иттилои хабаргузории “Afghanistan International”, бардоштани навиштаҷот бо забонҳои  форсӣ ва ӯзбекӣ бо супориши Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон* сурат гирифтааст. Аммо пас аз интиқодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарияти донишгоҳ маҷбур шуд, ки намуди пешинаи лавҳаро барқарор намояд.

Дар ин робита сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаӣ Ӯзбекистон Ахрор Бурхонов изҳори назар кард, ки “ин ниҳод бо ҷониби Толибон* дар масъалаи истифодаи забони ӯзбекӣ муколамаи мунтазам дорад”.

Намояндаи Толибон* сабаби барчидани лавҳаро ба корҳои таъмири рабт додаанд.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз омадани Толибон* лавҳаи асосии донишгоҳ бо чаҳор забон, форсӣ, паштуӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *