Насби дурбинҳои назоратӣ дар Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз партофтани партов дар ҷойҳои ғайримуайян ва коҳиши ифлосшавии муҳити зист, дурбинҳои назоратӣ насб карда шуданд.

Ин иқдом дар асоси муроҷиати сокинон ҷиҳати ифлос кардани муҳити зист аз ҷониби баъзе афрод роҳандозӣ гардидааст.

Яке аз дурбинҳо дар буриши кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Ҳаким Карим,  назди бинои Суди шаҳри Хуҷанд насб шудааст.

Дурбини мазкур ҳодисаҳои қонуншиканиро ба таври мустақим сабт намуда, маълумотро ба телефони боварии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ирсол мекунад. Дар асоси маълумоти дастрасшуда аз дурбинҳо, нисбат ба шахсони вайронкунандаи талаботи қонунгузории муҳити зист чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ояндаи наздик чунин дурбинҳои назоратӣ дар дигар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд низ насб карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *