Назирӣ: 120 духтури оилавӣ намерасад

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят Суғд норасоии кадри соҳаи тиб, ба хусус тибби оилавӣ муаммои асосӣ дар соҳаи тиб аст. Ба гуфти раиси ноҳия Зариф Назирӣ соли гузашта 160 ихтисосманди соҳаи тиб дар беморхонаҳои ноҳия намерасид. Баъди корбарӣ кардан ва ҷалбу ҳавасмандгардонии ихтисосмандони соҳа давоми шаш моҳ 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Аммо то ҳол норасоии 120 духтури оилавӣ ба назар мерасад, ки МИҲД-и ноҳия барои дастгирии кадрҳои соҳаи тиб дастгириҳоигуногуни  моддӣ- маънавӣ, аз ҷумла додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба роҳ мондааст.

Раиси ноҳия Зариф Назирӣ оид ба беморхонаҳо гуфт: -“Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 104 муассисаҳои тиббӣ фаъолият дорад, аз он ҷумла 1 адад Беморхонаи марказии ноҳия , 7 адад беморхонаи ноҳиявӣ, 3 адад беморхонаи минтақавии деҳотӣ, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 31 Маркази саломатии деҳотӣ, 50 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 1 адад  Маркази иммунопрофилактика, 1 адад Маркази ҳамбастагии бемориҳои  кӯдакона, 1 адад Маркази солимии репродуктивии ноҳия, 1 адад стансияи ёрии таъҷилӣ, 1 адад Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, 1 адад Маркази бемориҳои руҳӣ ва ёрии наркологӣ, 1 адад маркази пешгирии ва мубориза бо вируси норасоияти масуният, 1 адад Маркази назоарати давлатии санитарию эпидемологӣ ва 1 адад муассисаи хусусӣ хизмат мерасонад. Ки норасоии кадри соҳавӣ дар аксарияти ин беморхонаҳо ба назар мерасад.

                                                                                                                                   Фарзона  Муродӣ

                                                                                                                 Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *