Муаллифи «Ман ориёиям» даргузашт. Масъуди Сипанд 79-сола буд

Шоир ва пажуҳишгари номвари қаламрави Ориё Масъуди Сипанд дар синни 79-солагӣ аз дунё даргузашт.

Масъуди Сипанд соли 1943 дар Хуросони Эрон ба дунё омада, дар шаҳри Машҳад ба воя расидааст. Таҳсилро дар Теҳрон гирифта, солҳо дар идораи пулиси Эрон кор кардааст.

Ашъори Масъуди Сипанд аз айёми ҷавонияш дар рӯзномаҳо нашр мешуд. То имрӯз китобҳои ӯ “Пол-пол”, “Мадади ишқ” ва “Ёди ёри меҳрубон” дастраси хонандагон гаштааст.

Ӯ шоири тавонои тамоми эронитаборони ҷаҳон, муаллифи шеъри овозадори «Ман ориёиям» мебошад.

Масъуди Сипанд аввалин бор барои ширкат дар Ҷашни Ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо даъвати академик Муҳаммад Осимӣ ба Тоҷикистон омада буд ва то охири умр бо кишвари мо робитаи қавӣ дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *