Аз ринди авбош то авбошӣ дар фурӯдгоҳ

Аз ринди  авбош то авбошӣ дар фурӯдгоҳ

Мусоҳиба бо Масъуди Сипанд, ки ҳам аз дард мегӯяду ҳам аз ифтихор

Мо зи Қурон мағзро бардоштем,

Пӯстро баҳри харон бигзоштем.

Дар ҷашни Наврӯз шоир ва мутафаккири шинохтаи Эрон, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Масъуди Сипанд ба  кишвари мо  ташриф овард. Қабл аз бозгашт ба ИМА (ӯ дар ин кишвар зиндагӣ дорад) ба идораи ҳафтанома омад  ва суҳбате дошт бо аҳли эҷоди он.

Иқдоми Э.Раҳмон ва сесад сабза дар қасри Барак Обама

 -Ба дафтари ҳафтаномаи «Тоҷикистон» хуш омадед.

— Дуруд бар шумо. Дуруд ба Президенти шумо. Ӯ бе манфиате, бе тамаллуқе Наврӯзро  эҳё кард, ки имрӯз тамоми форсизабонони дунё ба вай дуруд мефиристанд. Бубинед, алҳол дар хони Барак Обама, дар Қасри Сафед сесад сабза гузошта шудааст, чун эрониёни Амрико таъсир гузоштанд, ки ӯ бигӯяд: «Наврӯз муборак!».

— Дар қиёс бо форсгӯёни  Эрон шумо бештар вожаҳои сирф форсиро истифода мебаред. Масалан,  дуруд ба ҷойи салом. Чаро?

— Шумо рӯзноманигорон, мо шоирон, вазифадорем, ки мардумро ба таъриху маданият ва фарҳангу ҳанар ошно кунем, бояд фаҳмонем, ки нур куҷосту зулмот чист? Ин рисолати рӯшанфикр аст. Мисол, дар вожагузинӣ. Вожаи аҷам маънояш «кару лол- гунг» аст, чаро гӯем ки мо кару лол ҳастем? Ё дар мавриди вожаи истиқлол, ки ҳамон худфармонист! Мо бояд, оҳиста — оҳиста вожаҳои арабиро бо тоҷикӣ иваз кунем ва он ҳам бо сурати одилона.Чанд сол пеш дар замони шоҳ дар Эрон вожаи дурудро роиҷ кардем, ки аз ҳамон «дараватеи» авастоӣ аст,  маънояш  “саломатӣ мехоҳам”.

Офаридгор ва ҳастии андешаи зебо

— Истифода аз ин вожаҳо мисли онест, ки шуморо ба умқи фарҳанги то исломӣ мебарад. Муллоёни кишвари мо рӯй овардан ба фарҳанги то исломӣ, масалан Зардуштро куфр меҳисобанд.

-Он ки мегӯянд, ки Аҳуромаздо Худост, дар асл зардуштиҳо аз тарси мусалмонон чунин гуфтанд. «Маздо —  мағз, андеша», «ҳу – зебо», «а- ҳаст». Пас, А- ҳу- ро- маздо, мешавад  ҳастии андешаи зебо. Ба ҳамин далел зардуштиҳо ҳастии назми ҷаҳониро мегуфтанд, Аҳурамаздо.  Ҳоло баъзеҳо ба ин назми ҷаҳонӣ мегӯянд «Офаридгор». Агар мо гӯем, ки Худо шамшер дар даст дорад, агар гуноҳ кунед, мекушаду мебарад дӯзах, вагарна биҳишт, пас Худо гунаҳгортар аст, ки одам мекушад. Яъне, ба фаҳмише, ки Худо, танзимкунандаи назми ҷаҳонист, муътақид нестам. Мисол, вақте дар Ҷопон он иттифоқ афтоду он об омад, муллоҳо гуфтанд, ки он мардум гунаҳкор буданд ва Худованд ҷазояшонро дод. Агар Худо танзимкунанда бошад, кӯдакҳоро, ки бегуноҳанд, боло мебардошту пирон, ки гунаҳкоранд зери об мекард.  Як одаме, ки солҳо охунду мулло буд баъзан гузошт канор. Ин одам гуфт, вақте Худованд ба паёмбар гуфт, ки ту паёмбари ман ҳастӣ, агар барояш ёд медод, ки барқ дуруст кун то мардум аз азоб озод шаванд. Аммо ин гапҳоро ба мардуми бесавод гуфта намешавад, агар гуфтӣ мисли Мансури Ҳаллоҷат мекунанд. Ӯ мегуфт: «Худое нест, ман Худо ҳастам». Далелаш он буд, ки мегуфт Худо инсонро ба шакли одам сохт ва ман як тиккаи ӯям. Ӯро куштанд! Кӣ кушт? Инсони нодон!

Саноӣ мегӯяд: «Ба худоӣ, худ худоӣ агар ба худ оӣ!» ё «Шоҳнома» мегӯяд, ки одам худои хирад аст.  Охиринаш Аҳмади Касравӣ, ки  мулло буд, саид буд, охунд буд, пешнамоз буд, як даъфа ҳамаро канор андохту рафт дунболи хирад ва ӯро низ куштанд. Вазифаи хирадмандон аст, ки ин хиради азалиро ба нодонҳо  явош-явош бифаҳмонанд. Як эронӣ «Готҳо»-ро ба форсӣ омода кардааст, ки ман ин ҷо (Тоҷикистон дар назар аст-ред.) ба як нафар додам, ки бозгардон кунад. «Насиҳати падар ба духтар» дар «Готҳо» мегӯяд:  «Духтарам, ман ба шавҳар кардани ту ва киро интихоб карданат дахолат намекунам, ҳар киро мехоҳӣ, издивоҷ кун, аммо вақти интихоб ба хирад бош бо нируи хирад фикр кун ва издивоҷ кун!». Магар ин калимаи бад аст? Мо то ҳол «анкаҳтум ва заваҷтум»- ро гуфта, намедонем чӣ аст? Ман як даъфа ба занам, ки мусалмон аст, гуфтам медонӣ ин чӣ маънӣ дорад? «Анкаҳтум- ба никоҳ даровардан», «заваҷтум — қулф кардан» ва «матаътун, яъне аз ӯ истифодакунӣ». Ман ба занам, ки доктори донишгоҳ аст, зиёд баҳс мекунем. Вақте дидам, ки ӯ хело содиқ аст ва дар ақидааш устувор, гуфтам: «Ислом ин ба фоидаи ман аст, чун ҳама чиз ба фоидаи мард аст. Метавонӣ чор то зан гирӣ, ҳазор сиға кунӣ. Ба ту чизе нест! Аслан ҳеҷ, ҷо нанавишта, ки занҳоро ба биҳишт роҳ медиҳанд, гӯё биҳишт танҳо моли мардҳост. Аммо ин гапҳоро наметавон гуфт, агар гуфтӣ мекушанат. Агар мо битавонем мисли Мавлоно, ки мегӯяд:

 Мо зи Қуръон мағзро бардоштем,

 Пӯстро баҳри харон бигзоштем.

-Хело хуб кардаем ва муваффақ ҳам мешавем. Хар кӣ аст ДОИШ! Мағз ин дӯстии қуръонӣ аст, меҳру муҳаббати қуронист!

Таҷовуз ба Ҳофизу Фирдавсӣ

-Шумо муфассири Ҳофизу Мавлоно ҳастед, дар Амрико мактаби тафсири Ҳофиз доред. Ин ду бузург ҳофизу муфассири Қуръон ҳастанд. Магар ин гуфтаи шумо мухолифи раванди мактаби шумо нест?

— На.  Ҳофиз ҳофизи Қуръон будааст ва натанҳо будааст, балки бо 14 ривояташ онро ҳифз кардааст. Ӯ як нобиға аст. Ӯ чакидаи адабиёти форсӣ баъд аз ислом аст. Чун нобиға будааст, китобҳои дараҷаи 1-2-3-ро ҳам хондааст. Сол аз сол калонтар, ки шудааст, тағйир кардааст, шуураш тағйир кардааст. Ҳофиз, ки дар 15- солагиаш шеър мегуфт, ба маҳфилҳо мерафт, шеърҳои тафреҳӣ мегуфт. Баъди муддате, ки синнаш боло маравад, меравад масоҷид. Мебинад, ки чӣ қадар онҳо дурӯғ мегӯянд, суфиҳо фиребаш мекунанд. Дар Ҳофиз 90 дарсади суфӣ одами бад аст. Баъди ин каме синнаш боло меравад, тамоми инро мегузорад канор, вақте пир шуд, дигар камбуди молӣ мекашаду   шикоят карда,  мемирад. Аммо калимоте, ки гуфтааст аз назари маънӣ ин қадар баланд аст, ки ҷойи гуфтан нест. Ҳар чӣ бештар мехонед, пай мебаред, ки ӯ чӣ гуфта.  Ин одам «Шоҳнома», Рустаму Суҳроб, Қуръонро бо 14 ривояташ, Оини Меҳр ва Зардуштро мешинохтааст. Мағзаш, ки хуб будааст ҳамаро ҳифз мекардааст! Ҳофиз ҳофизи Қуръон будааст, аммо гӯем, ки сад дар сад муътақид аст, як муддати кам.  Ҳофиз ринд будааст. Маънои риндро Ҳофиз иваз кардааст. Ринд қабл аз Ҳофиз, масалан дар «Таърихи Байҳақӣ» ба маънои вилгард (оворагард) будааст. Қиссаи Ҳасанаки вазирро ба дор бастани Султон Маҳмудӣ Ғазнавӣ ва пасон ба дасти ринд санг додану ӯро сангсор кардан далели он аст.  Дар ҳар ҷо ҳаст як гурӯҳ одамони вилгарду муфтхӯр, ки мардумро ғорат мекунанд, дуздӣ мекунанд. Инҳоро мегӯянд-  ринд. Дар замони Саъдӣ ҳам ринд ба маънои манфӣ аст. Аммо дар замони Ҳофиз ринд шахсият гирифт. Ҳофиз риндро шахсият дод ва худаш ҳам ринд буд. Дигар мо ду ринд дорем, яке ҳамон вилгард, дигар ринди Ҳофиз, ки азамат дорад. Ҳофиз шахсиятҳоро иваз кардааст. Масалан мегӯяд:

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,

Пештар з-он ки шавад, косаи зар хокандоз.

Мегӯяд сарат мисли хокандоз мешавад, қабл аз он, ки хокандоз шавад, ту ба он шароб резу хӯр. Ин ҷо майи ирфон нест! Ҳофиз майи ирфон ҳам дорад. Мегӯяд:

Рӯз дар касбу ҳунар кӯш, ки май хӯрдани рӯз,

Дили чун оина дар занги зулом андозад.

Агар ин майи ирфон буд, рӯз ки хӯрда мешуд? Аммо бисёриҳо инро чун майи илоҳӣ унвон кардаанд. Ё ҷое мегӯяд «майи дусолаву маъшуқи 14-сола». Охундо гуфтаанд, ки майи дусола  ин ҳамон аст, ки Қуръонро дар 2 сол ҷамъоварӣ кардаанд. Маъшуқи 14-соларо гуфтанд, ки  чор даҳа тӯл кашид то паёмбар ба паёмбарӣ расид. Мо муфассирони хуби Ҳофиз дорем ва Хуррамшоҳӣ беҳтаринашон аст. Аммо вақте ба ин гуна нозукиҳо мерасад, чашм пӯшида мегузаранд. Ман ки хориҷ аз Эрон  ҳастам, рӯйрост мегӯям, ки майи дусола ҳам хушмаззатар аз шароби навкашида ҳасту маъшуқи 14-сола ҳам хушмаззатар аз кампири 70- сола.

— Шумо гуфтед, ки ашъори Ҳофиз вобаста ба гузашти умри эшон тағйир кардааст. Оё имкон дорад, ки ин ғазалҳояшро вобаста ба синну сол даврабандӣ кунем ва рушду нубуғи Ҳофизро вобаста ба давраҳои гузариши эҷодиаш муайян созем?

— Бале. Касоне ҳам будаанд, ки ин корро кардаанд, аммо ҳамаи эҷодиёташро намешавад. Чизи дигар ин аст, ки ба ду китоб сахт таҷовуз шудааст, яке девони Ҳофиз, дигараш «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. Аслан «Шоҳнома» ба Абубакру Умару Алӣ коре надоштааст,  аммо дар он илова шудааст ва имрӯз шиъаҳо мегуянд, ки Фирдавсӣ шиаи сад дар сад будаст. Аммо ӯро нагузоштанд, ки дар қабристони мусалмонон дафн шавад. Агар мусалмон буд, чаро дар қабристон дафн нашуд? Намешавад, ки кӯса бошаду ришаш баланд бошад? Аз Ҳофиз ҳам ҳамин тур. Мисол, вазири пулдоре пайдо мешавад, ки пул дошта, ба котиб (оне, ки китобҳоро рӯйнавис мекард) пул медод. Он котиб вақти навиштан, мабодо байте ба назараш ҷолиб наметофт ва мегуфт, ки чӣ бад гуфта, биё ман ин тур кунам хубтар мешавад. Ҳофиз ба суфиву муллову зоҳид душман будааст, аммо котиб, ки мулло будааст, вақти навиштан муллоро бо суфӣ иваз кардааст. Дигар китобат, ки аз рӯйи сафҳа будааст, котиб вақти навиштан  мехоҳад пули зиёдтар кор кунад, ва ҳамин тур чизе аз худаш ҳамроҳ мекард. Аз ҳама зиёд асли ғазалиёти Ҳофиз 500- то аст, аммо имрӯз 800 -тоиш ҳам ҳаст. Ҳофиз мусалмон будааст ва суннимазҳаб будааст, аммо тазоҳур намекардааст. Дар Кирмон 300 соли пеш муфассирон як ғазали Ҳофизро 3 моҳ тафсир мекарданд, магар ин аз бузургии ӯ шаҳодат намедиҳад. Ва ин гуна муфассирон зиёданд. Шумо фақат ба Хуррамшоҳӣ назар накунед, чун ӯ гарчанде бисёр донишманд аст, аммо фақат аз даричаи мазҳаб нигоҳ кардааст. Қазвинӣ, Ҳасаналии Ҳиравӣ ва ду-сетои дагар ҳастанд, ки китобҳо навиштаанд ё доктор Маҳҷуб, ки китоб надораду сабт дорад. Ман севуним сол шогирди ин устод будам.

 Аз Мим Сипанд то Масъуди Сипанд

-Чӣ гуна шуда, ки шумо як афсари пулис ба умқи шеъру фалсафа, ба умқи Ҳофизу Мавлавӣ расида, илова бар ин шоир шавед?

-Дуруст аст, ки ман афсари ҷурмшинос – криминалист ҳастам. Шоирӣ зотан пайдо мешавад. Маро дар Эрон чун Мим Сипанд мешинохтанд, чун низомиҳо маъмулан набояд шеър менавиштанд. Исми аслии ман ин набуд. Аммо вақте Амрико рафтам, гуфтам ман  Эронӣ ҳастам, намехоҳам, ки насабам Ҳабибӣ бошад ва барои ҳамин ҳам ба додгоҳ рафта 300  доллар дода, исмамро иваз кардам бо Масъуди Сипанд. Куруши Ориёманиш, ки ба хотири андешаҳояш кушта шуд, мегуфт ман Ориёиям бояд исмам ориёӣ бошад. Исмаш буд Ризо Мазлумон. Ӯ мегуфт, ки ман мазлум нестам. Албатта, ин муҳим нест, аммо инқилоби фикрӣ, инқилоби миллиро аз ҷое бояд шурӯъ кард. Намешавад, ки ман Ориёӣ бошам, мушт ба сини куфта даъво кунам ки ориёиям, аммо номам бошад Ғуломҳасани Алимуҳаммадзда! Чаро ман мактаби пулис рафтам? Падари ман пулдор набуд, ки маро донишгоҳ хононад ё ба хориҷа фиристад, аммо дар мактаби пулис ҳама чиз маҷҷонӣ — ройгон буд. Ҳамин тавр ман, ки пулис будам, аммо меҳру муҳаббатам ба шеър ҳамеша буд. Бобо Тоҳири Урён мегӯяд:

Ғами ишқи ту модарзод дорам,

На аз омӯзиши устод дорам.

Бисёре аз касон мехоҳанд шоир бошад, аммо дар зоташ нест. Доктори адабиёт дорем, донишманди дараҷаи аввали адабиёт аст, аммо дар зоташ ки нест, шеър намегӯяд ва агар дар зоташ набудаву маҷбуран гуфтааст, аммо шеъраш ба як сомонӣ намеарзад. Лекин бесаводоне дорем, ки хатро намешиносад, аммо шеъре гуфтаанд, ки хеле олӣ аст! Мисол, як нафар буд бо исми Яғмои Хиштмол. Хиштмол (хиштрез) буд, пойҳояш бараҳна буд аммо шеърҳое хело олӣ дошт:

Дилам дар вусъати дунёи паҳновар намеғунҷад,

Равони саркашам дар қолаби пайкар намеғунҷад.

Ин шеър аст, аз қолаби хишмолӣ ҳам ба шеър изофа кардаст. Ин шоир аст. Вақте бо ӯ мусоҳиба карданд, ӯ гуфт, ки ман навишта наметавонам, дар зеҳнам мегӯям, шумо навишта кунед. Айни ин Шотир Аббоси Сабурӣ, ки нонпаз будааст, шеърҳое гуфтааст, ки аслан боварнакарданист. Баҳор мегӯяд:

Эй басо шоир, ки ў дар  умри худ назме насохт,

Эй басо нозим, ки ў дар умри худ шеъре нагуфт.

Калимаҳоро дар қолаби арӯз мондану «даромад»-у «баромад»-у «фаромад»-ро дар қофия мондан шеър нест!

Зан ҳақ надошт аз ишқ, секс сӯҳбат кунад

-Аз шеърҳоятон бармеояд, ки  ба Эрон муҳаббати зиёд доред. Шеърҳоятон амсоли ашъори Нодирпур, Шаҳриёр равон аст. Шояд зери таъсири онҳо қарор доштед?

-Ман Ахвони Солис ва Фаридуни Мушириро хело дӯст дорам. Нодирпурро… ин ҷурӣ бароятон мегӯям. Нодирпур аз лиҳози шеърӣ хело пурқувват буд, вақте ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ дар сабки нимоӣ шеър мегуфт ва кораш сахт арзишманд буд. Аммо вақте Амрико омад, худашро такрор мекард  ва ин такрор кардани худ барояш иштибоҳи бузурге буд. Ин такрор ба он асос ёфта буд, ки фикр мекард, ки  шеъри дигар шоирро нашнавад, китоби дигареро нахонад, ҳарфашро гӯш накунад. Аммо қабл аз он, ки Амрико омад, дар қатори 10 шоири беҳтарини Эрон буд. Ашъоре, ки дар Амрико гуфт, мисли ашъори дар Эрон гуфтааш хуб набуд. Як бор Олимпур омад, гуфт мехоҳад Нодирпурро бинад. Ман, ки аз дур бо ӯ шинос будам, ба ӯ занг задам ва мо дар хонаи доктор Маҳмудӣ вохӯрдему Олимпур хело хурсанд шуд. Нодирпур худашро дар бурҷи худаш, дар бурҷи оҷи худаш пинҳон карда буд ва чизеро намепазируфт. Шоири хуб бояд бо мардум бошад, то бо мардум набошӣ, шоири хуб наметавонӣ бошӣ. То ошиқ нашудӣ дар бораи ишқ нанавис, то лабу гесӯи хуб надидӣ дар борааш гап назан, чун гандаш (бӯйи бад) меояд. Нодирпур яке аз бузургтарин шоири замони худаш буд, аммо худашро дар худаш ҳабс кард. Вале шоирони Эрон, масалан, Шаҳриёр корҳои арзишманде кардаанд. Баъзеҳо мунтқадианд, ки ғазал бо фавти Шаҳриёр фавтид ва нодуруст ҳам нагуфтанд. Аммо Шаҳриёр бо иллати масоили дигаре, ки бо давлат дошт, маҷбур шуд, ки як қатор шеърҳои давлатӣ бигӯяд ва ё шеърҳое, ки ба онҳо писанд афтад. Агар намегуфт, мекуштандаш. Ҳатто ӯро як бор гуфтанд, ки беҳтарин шеъри дунё чист? Гуфта буд: «Худоё худоё! То инқилоби Маҳдӣ Ҳумайниро нигоҳ дор». Хуб медонем, ки ӯ дурӯғ мегӯяд, медонем, ки маҷбур будааст, аз тарсаш гуфта буд, аммо азамати шеъраш кам намешавад. Мисли Ҳофиз. Ҳофиз хеле подшоҳонро таъриф карда, аммо касе магар як бор мегӯяд, ки чаро Ҳофиз таъриф кардааст? Чун ҷинси шеър хуб аст, олӣ аст. Мисле, ки як тангаи тиллоро аз даруни лаҷан биёбем. Ҳеҷ! Покаш мекунӣ, он арзишашро аз даст намедиҳад.

-Ҷаноби Сипанд,  назари шумо нисбати ашъори  занони форсизабон чӣ гуна аст?

-Мутаассифона, ба иллати масоили мазҳабӣ занҳо дар Эрон аксаран маҳдуд буданд. Аввалин коре, ки мекарданд занҳо ба мадраса намерафтанд. Дуввумин коре, ки мекарданд занҳо агар шеър мегуфтанд, онҳоро саркӯб мекарданд. Аз аввали Ислом то ҳол занҳое амсоли Робиа, Маҳастӣ, Зебуннисо ва даҳҳои дигар буданд, аммо ба тақдири баде гирифтор шуданд ва ин то инқилоби машрутаи Эрон идома кард. Як миқдори занҳо дар замони инқилоб озод шуданд, ки аз шиками онҳо  Парвини Эътисомӣ омад ва охиринаш дӯсти азизамон,  ки ба абадият пайваст, Симини Беҳбаҳонӣ буд, дар ин росто  Фуруғи Фаррухзод пайдо шуд. Ҳамаи инҳо ба далеле корашон азамат дорад. Зан дар гузашта ҷуръат надошт, аз ишқ суҳбат кунад, маъзарат мехоҳам, аз секс суҳбат кунад, чун зан василае буд, ки ту биравиву болояш тафреҳ кунӣ. Аммо Фуруғ омад гуфт, ки на, ман ҳам лаззат мебарам, ман ҳам хушам меояд, ман ҳам дӯст дорам, зиндагӣ бояд афрӯхтани сигоре бошад байни ду ҳамоғӯшӣ.

(Давом дорад)

Мусоҳибаи

Шариф Ҳамдампур

Одили Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *