Низомиёни Бритониё аз Кобул бо либоси занонаву чодар фиро карданд

Оё шумо медонед, ки паси ин либосҳои занона ва ин фаранҷиҳо киҳо паноҳ бурдаанд? Оё медонед, ки гоҳе, ки зӯр омад чи корҳое болои сари мардум бор намешаванд? Магар медонед, ки он занҳое, ки алайҳи толибон эътироз оварданд дар асл марданд?! Чаро мард ҳам набошанд, зеро хуб медонанд, ки толибон барояшон раҳму шафқатеро арзонӣ намедоранд, бинобар ин аз даҳони шер ҳақи худро талаб карданд! То толиб низ бидонад, ки зан дар ҷомеа низ мақому манзалати худро дорад. Аммо гап сари ана ҳамин инсонҳои чодарпӯши фаранҷӣ ба рӯй кашида мебошад, магар онҳо дар ҳақиқат зананд?! Бале, зананд! Э, мебахшеде, каме ба иштибоҳ роҳ додам,  марданд вале дар либоси занона. Бале, марданд вале аз тарсугӣ ва нотавонӣ чунин кардаанд. Чӣ илоҷ бархе аз ин расвои мурданро авло медонанд, вале бархеи дигар зан буданро интихоб кардаанд, Дигар чӣ гуем, он чи инҷо шарҳ меёбад, худатон қазоват намоед.

Наздик ба 20 низомиёни бритониёӣ фирефта шуданд ва Афғонистонро бо либоси занона тарк карданд

Қиссаи дар бораи баровардани сарбозони Бритониё аз Кобулро рӯзномаи Daily Express навиштааст.

Нерӯҳои махсуси ҳавоии Бритониё (SAS), ки дар Афғонистон як нақшаи махфиро анҷом медоданд, ҳангоми супоридани Кобул ба дасти Толибон* фирефта шуданд

20 сарбоз дар ҷануби Афғонистон як амалиёте доштанд. Онҳо аз набудани чархболҳо барои берун овардани онҳо аз ин кишвар огоҳӣ гирифтанд ва ба онҳо фармон дода шуд, ки низомиён бояд мустақилона ба пойтахт расанд.

«Ба онҳо гуфта шуд, ки амалиётро қатъ кунанд ва барои хориҷ шудан фавран тавассути Кобул омодагӣ гиранд», — гуфт як манбаи номаълум.

Низомиён маҷбур шуданд, ки тамоми силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи махсусро канор гузоранду ҷойи хуро тарк намоянд. Барои наҷоти ҷони худ онҳо зан буданро авло дониста,паранҷӣ пӯшиданду ва тариқи такси ба пойтахти Афғонистон рафтанд.

Расонаҳои бритониёӣ менависанд: «Баъзе лаҳзаҳои хатарнок буд, аммо ҳатто ҷангҷӯён чодарӣ занро кашанд».

Бритониҳо танҳо дар назди ҳамватанони худ тавонистанд либоси занонаи худро бикашанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *