Нигаронии Прокурори генералӣ
Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 13 феврал баргузор шуд, доир ба афзоиш ва паҳн гардидани моддаҳои писохотропӣ, аз ҷумла ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ гуфт, чунин зуҳурот ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад ва он бояд пешгирӣ карда шавад.
Ҳабибулло Воҳидзода афзуд, ки дар ин самт кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ҳамеша дар гурӯҳҳои корӣ ва санҷишҳое, ки дар марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ ва дигар клубҳо оид ба ҷилавгирии истифодаи моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд.
“Зимни санҷиш дар бисёр ҳолатҳо шахсон муайян гардида, масъалаи ҷавобгарии онҳо гузошта мешавад”,-таъкид дошт Ҳабибулло Воҳидзода.
Прокурори генералии Тоҷикистон изҳор дошт, ки маводи синтетикӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешавад ва ягон озмоишгоҳ ҳам оид ба истеҳсоли маводи психотропӣ-ҳабҳои синтетикӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад, балки он аз кишварҳои хориҷӣ-давлатҳои ҳамсоя бо ҳар гуна роҳҳои ғайриқонунӣ ворид карда мешавад.
Прокурори генералӣ иброз намуд, ки дар ин самт кормандони мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, ки бевосита дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ масъуланд, бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, пеши роҳи воридоти моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикиро гиранд, зеро афзоиш ва паҳн гардидани он дар байни ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон хеле нигаронкунанда аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ