Тақдими китоб ва кӯмакҳои ғизоӣ ба сарбозони қисми ҳарбии 3503 дар Бохтар

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо мақсади арҷгузорӣ ба маърифату дониш ва дастгирии хизматчиёни ҳарбӣ аз қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар боздид намуд.

Дар доираи Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб ба сарбозон беш аз 200 адад китоб дар жанрҳои гуногун-аз адабиёти бадеӣ то китобҳои таърихиву маърифатӣ тақдим гардид. Ин иқдом ба ғанӣ гардидани фонди китобхонаи қисми ҳарбӣ ва рушди фарҳанги китобхонӣ миёни хизматчиён мусоидат мекунад.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки китоб сарчашмаи асосии маърифат, худшиносӣ ва ҷаҳонбинии васеъ буда, мутолиаи пайвастаи он дар тарбияи ҷавонони босаводу ватандӯст нақши муҳим дорад. Қайд шуд, ки сарбозон бояд дар баробари омодагии ҷисмонӣ, аз ҷиҳати маънавию зеҳнӣ низ пайваста такмил ёбанд.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани шароити рӯзгор ва боло бурдани рӯҳияи хизматчиёни ҳарбӣ, ба онҳо маводи ғизоӣ ва лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо сарбозон изҳор дошт, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, хизмат дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *