Гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон аз $1 миллиард гузашт

Имрӯз, 16 феврал дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев мулоқот карданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2025 ба беш аз 1 миллиард доллар расида, аз он 996,4 миллион доллар содирот ва 102,8 миллион доллар воридот мебошад.

Сармоягузории Қазоқистон дар иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2005 то имрӯз ба 585 миллион доллар расидааст.

Ҳоло зиёда аз 500 ширкат ва филиалҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон ва дар Тоҷикистон 91 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият доранд, ки саҳми назаррас дар рушди иқтисод доранд.

Гуфта мешавад, ки равобити ду кишвар устувор буда, дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ хеле мусбат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *