Нигаронкунанда! Афзоиши ҳолатҳои зӯроварӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон муроҷиат вобаста ба ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва мардон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои раиси кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, соли сипаришуда аз ҷониби занҳо ба ин ниҳод 3 ҳазору 609 шикоят оид ба зӯроварӣ аз ҷониби мардон ворид шудааст. Нисбат ба соли 2024 367 ҳолат бештар мебошад.
Шумораи муроҷиат аз ҷониби мардҳо низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи маълумоти масъулин, соли 2025 кумитаи кор бо занон ва оила 590 шикояти мардҳоро вобаста ба зӯроварӣ аз ҷониби занон қабул кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 36 ҳолат зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ