Музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико 6 феврал дар Уммон баргузор мешавад
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ эълон кард, ки даври нави музокироти ҳастаӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон рӯзи ҷумъа, 6 феврал дар шаҳри Масқат, пойтахти Уммон баргузор хоҳад шуд.
Ароқчӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст, ки гуфтугӯҳо соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешаванд ва аз мақомоти Уммон барои фароҳам кардани шароити музокирот изҳори сипос кардааст.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми амрикоӣ дар суҳбат бо хабаргузории «Ройтерз» баргузории ин музокиротро тасдиқ намудааст.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки мулоқоти ҳайатҳои Эрон ва Амрико бо раҳбарии Аббос Ароқчӣ ва Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико, эҳтимол дар Истанбул баргузор шавад, аммо дар ниҳоят макони музокирот Масқат интихоб гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ