Ҷаримаи беш аз 400 корманди соҳаи барқ дар Тоҷикистон

Соли 2025 Агентии назорат дар соҳаи энергетика 406 корманди идораҳои барқрасони кишварро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи неруи барқ ҷарима кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии ҷаримаҳо 293 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аммо маълум нест, ки аз ин маблағ то имрӯз чӣ қадар ситонида шудааст.

Аз шумораи умумии кормандони ҷаримашуда:

  • 375 нафар кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”,
  • 12 нафар аз “Шабакаҳои интиқоли барқ”,
  • 9 нафар аз ширкати “Барқи Тоҷик”,
  • 10 нафар аз ширкати “Помир Энерҷӣ” мебошанд.

Ин афрод бар асоси моддаҳои 394 ва 397-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ, инчунин таҷҳизоти барқиву гармидиҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *